Ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал – 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи охирини мусобиқот, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ба финал роҳ ёфт, вале аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Сеунгёб Ли бо гирифтани се огоҳӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг бо ғалаба бар варзишгари ҷопонӣ медали биринҷӣ ба даст овард.
Инчунин, Умедҷон Раҷабов, Кароматулло Ҳакимов ва Виктория Киселёва дар вазнҳои худ баромад карданд, аммо аз гирифтани медал ноком шуданд.
Дар ин рӯз, ҳамчунин Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (дар вазни то 66 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар рӯзи дуюм бошад, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар умум, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекарданд. Дар қаҳрамонии ҷудои Осиё 289 варзишгар аз 29 кишвар барои 14 маҷмуи медалҳо рақобат карданд.