logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

7 медали паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои Осиё

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 нафар (9 мард ва 2 зан) муаррифӣ мекарданд ва паҳлавонони тоҷик аз Тайланд бо 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ бармегарданд.

Your tj

15:1828.04.2025

7 медали паҳлавонони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои Осиё

Ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки аз 25 то 27-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал – 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқот, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ба финал роҳ ёфт, вале аз варзишгари Куриёи Ҷанубӣ Сеунгёб Ли бо гирифтани се огоҳӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг бо ғалаба бар варзишгари ҷопонӣ медали биринҷӣ ба даст овард.

Инчунин, Умедҷон Раҷабов, Кароматулло Ҳакимов ва Виктория Киселёва дар вазнҳои худ баромад карданд, аммо аз гирифтани медал ноком шуданд.

Дар ин рӯз, ҳамчунин Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (дар вазни то 66 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар рӯзи дуюм бошад, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқра ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар умум, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекарданд. Дар қаҳрамонии ҷудои Осиё 289 варзишгар аз 29 кишвар барои 14 маҷмуи медалҳо рақобат карданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

1 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

4 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

5 дня назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

8 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ