6 нафар дар як садамаи мудҳиш дар Дарвоз ҷон доданд

"Чаҳор нафар аз ҳалокшудаҳо аз Душанбе омада, дуи дигар аз ноҳияи Дарвоз ҳастанд”.


Роҳи мошингард дар Бадахшони Тоҷикистон

Акс аз advantour.com

Дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 кас ҷон бохтааст. Ҳодиса субҳи 2-юми май дар ҳудуди деҳаи Рузвай рӯй дод.

Ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ аз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, “чаҳор нафар аз ҳалокшудаҳо аз Душанбе омада, дуи дигар аз ноҳияи Дарвоз ҳастанд”.

“Мошин аз баландии Қалъаи Карон сарозер шудааст. Ҷасадҳоро гирифтанд. Ду нафарро ба наздиконашон дар ноҳияи Дарвоз доданд. Боқимондаҳоро ба Душанбе фиристоданд”,- мегӯяд манбаъ.

Номи ҳалокшудагон ҳанӯз расман эълон нашудааст. Вале ба иттилои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ду тан аз онҳо муайян наштааст. Яке аз онҳо Ҳумай Каримов, мудири созмони иҷтимоии “Тоҷи Нурафшон” ва дигаре Беҳзод Хоҷаев, корманди ҳукумати ноҳияи Дарвоз аст.

Як рӯз қабл дар роҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ бар асари садамаи мусофирбари хурд шаш нафар ҷон бохта буданд.