Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:3407.08.2023
Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ имрӯз, 7-уми август қайд кард, ки қариб 90 % маҳсулоте, ки барои истеҳсоли мошини барқӣ (электромобил) лозим аст, дар Тоҷикистон мавҷуданд.

Ӯ гуфт, дар ин самт мушкилии ягонаи ҷойдошта ин камбуди маблағ аст.
“Идея ҳаст, ашёи хом ҳаст, фақат ҷамъ кардани маблағ ва технологияҳо лозим аст”, - тавзеҳ дод вазир.
Барои баррасии ин масъала тирамоҳи имсол як вохӯрӣ бо намояндагони Чину Корея баргузор мегардад, афзуд Шералӣ Кабир.
Се нафар аз фавтидагони садамаи мудҳиш дар Кӯлоб дафн шуда, ҷасади қурбониёни дигар ба хонаводаҳояшон дода мешаванд. Аз 10 нафаре, ки дар ин фоҷеа ҷон бохтанд, 6 мард, 3 зан ва як ноболиғ ном бурда мешавад. Аҳволи чанде аз захмиён низ вазнин арзёбӣ мегардад.
Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба иттилои Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Аз 13 нафар захмӣ се нафар пас ташхису муоина ба хона рухсат дода шуда, ҳолати ду нафар аз маҷрӯҳон вазнин арзёбӣ мешавад.
“Ҳоло 5 нафар захмӣ дар шӯъбаи осебшиносӣ ва 5 нафари дигар дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ ҳастанд. Ҳолати ду маҷрӯҳе, ки дар шӯъбаи эҳё қарор доранд, вазнин аст”, - гуфт Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон қурбониён ва захмиёни садамаро номбар кардааст.
Фавтидагон:
Захмиён:
Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз, 6-уми август, бо сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздорӣ (тормоз) ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда мошини боркаши тамғаи “Дулан” дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бо суръати баланд бархӯрд.
Ронандаи дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни ҳол ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи майи соли 2023 дар Тоҷикистон корхонаи “Сипар гурӯҳ” бо мақсади ҷамъу васли мошинҳои махсуси ҳарбӣ ба истифода дода шуд.
Ӯ гуфт, мошинҳои зиреҳпӯше, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, аз мошинҳое, ки имрӯз Узбекистону Қазоқистон истеҳсол мекунанд, кам нестанд.
Дар Вазорати саноати ҷумҳурӣ оид ба рушди саноати мудофиа шуъбаи махсус амал мекунад, зикр гардид дар нишаст.
Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, дар Тоҷикистон мошинҳои зиреҳпӯш аз рӯи технологияҳои муосири канадагӣ тавлид мешаванд.
Яке аз бартариҳои мошинҳои зиреҳпӯши истеҳсоли ватанӣ дар он аст, ки барои чархҳои онҳо металли баландсифат аз захираҳои худӣ истифода мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Турсунзода корхонаи “Сипар Групп”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дар он таҷҳизоти вижаи низомиву мулкӣ васл карда мешавад.
Дар корхонаи нав, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо воридоти қисмҳои алоҳида аз хориҷи кишвар васл ва насби 17 намуди мошинҳои махсус ба роҳ монда мешавад.
Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ то имрӯз ҳамагӣ 120 адад мошинро ташкил медиҳад, ки ин рақам дар оянда боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Мошинҳое, ки дар ин корхона васл карда шудаанд, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар фиристода мешаванд. Дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ низ содироти онҳо дар назар аст.
Аммо вазир нагуфт, ки ҳоло ин мошинҳо ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид шудаанд ё на.
Дар тирамоҳи соли 2022 ҳамчунин гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти худ ба тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини “Abobil-2” шурӯъ кардааст.
Шералӣ Кабир гуфт, ки ин тарҳи Вазорати саноат нест. Аммо ӯ қайд кард, ки дар оянда мумкин аст истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро бо мақсадҳои шаҳрвандӣ ташкил кард.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
2 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
7 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
9 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
9 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
11 дня назад