logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

500 млн доллар барои сохтмони НБО "Роғун"

Дар ин бора Ҷин Лисун президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ рӯзи 17-уми май зимни вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Your tj

09:5818.05.2023

500 млн доллар барои сохтмони НБО "Роғун"

Барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (Чин) ба Тоҷикистон 500 млн доллар маблағ медиҳад.

Дар ин бора президенти ин бонк Ҷин Лисун рӯзи 17-уми май зимни вохӯрӣ дар Пекин бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон хабар дод.

Сарвари давлат бо боварӣ ба натиҷаҳои мулоқот ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, онро шарики боэътимоди Тоҷикистон номид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша карданд.

Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ - созмони байнулмилалии молиявие мебошад, ки таъсиси он аз ҷониби Чин пешниҳод шуд. Ҳадафҳои асосии Бонк ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои молиявӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Осиё аз сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо то мавҷгирҳои коммуникатсионӣ ва манзилҳо унвон шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

2 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

2 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

3 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

5 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ