Хушнуди Дадо, иҷрокунандаи нақши маъруфи “Қорӣ-Ишкамба” ва яке аз даҳҳо ҳунармандони ҷавони театру синамои тоҷик аст, ки аз сабаби камбуди маблағу норасоии зиндагияш роҳ сӯйи муҳоҷират гирифтааст.
Қаҳрамони мо ба Your.tj дар бораи чӣ тавр аз самбӯсапазӣ ба дунёи театру синамо роҳ ёфтан ва сипас дилсард шуда ба Русия рафтанаш қисса кард.
Аз самбӯсапазӣ ба ҳунармандӣ
Ҳангоме Хушнуд дар саҳнаҳои хурдакаки мактабӣ нақш меофарид, тамоман дар фикри ҳунарпеша шудан набуд. Ӯ аз кӯдаки орзу дошт, ки “Шашликпази” моҳир шаваду ошхона ё тарабхонаи шахсии худро кушояд. Пас аз хатми мактаб вай дар ноҳияи Ашт, ки ҳамонҷо ба дунё омадааст, дар ошхонае ба самбӯсапазӣ машғул мешавад. Ба дунёи театру синамо омаданаш тамоман ногаҳонӣ буд.
“Як рӯз аз кор бармегаштам, гуруҳи ҷавононеро дидам, ки дар бораи чизе маслиҳат мекарданд. Рафтаму пурсон шудам, гуфтанд, мо театр студияи ҳаҷвӣ дорем бо номи “Қандалот”, оиди саҳнаи навамон маслиҳат карда истодаем.
Онҳо диққати маро ҷалб карданду ман рӯзи намоиш ба тамошо рафтам ва ҳамоно дар дилам хоҳиши нақшофарӣ пайдо шуд. Бо роҳбари студия Далер Азимӣ ҳамсӯҳбат шуда мақсадамро фаҳмонидам онҳо маро қабул карданд ва ҳамин тавр ман роҳ пеш гирифтам ба сӯи санъат”, – нақл мекунад Хушнуд.
Хаёлҳои хом
Ба Донишкадаи санъат дохил шуданро низ ба Хушнуд устодаш Далер Азимӣ тавсия додааст. То курси сеюмӣ қаҳрамони мо ҳатто тасаввур намекард, ки кор дар театру синамо мушкилиҳои зиёд дораду музди ночиз.
“То курси сеюм фикр мекардам, ки пас аз хатм кардани ман вазъияти соҳаи театру кино хуб хоҳад шуд, вале оҳиста оҳиста дарк намудам, ки хаёлотам хоманд ва аз ин соҳа даромади хубе ба даст овардан номумкин аст. Бо вуҷуди ин меҳри ҳунар, ки дар қалбам ҷо шуда буд, намехостам аз роҳам баргадам, ба умеди ояндаи дурахшон хонданро идома додам”, – оҳи сабуке кашида гуфт Хушнуд.
Қаҳрамони мо пас аз хатми донишкада як муддат дар театри Ҷавонони ба номи М. Воҳидов, баъдан дар театри Академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ фаъолият мекард. Музди ночизе, ки мегирифт барои пешбурди зиндагиаш нокифоя буд, аз ин рӯ ӯ ба зодгоҳаш баргашта дар радиои ноҳиявӣ ба кор медарояд.
Аммо пас аз оиладор шудан зиндагӣ мушкилтар мешавад, Хушнуд ба муҳоҷират меравад. Соли 2014 пас аз як соли муҳоҷират ба ватан баргашта, дар театри Конибодом ба номи Т. Фозилова ба кор медарояд.
“Кор дар театр бисёр мушкил асту музди меҳнат хеле кам. Маоши моҳонаам ҳамаги 800 сомонӣ буд, ки бо он ман бояд падару модар, зану фарзандамро таъмин мекардам. Бар зами ин ҳар ҳафта аз Конибодом ба Ашт мерафтам, барои ин низ маблағ лозим буд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Шуҳрати Қорӣ – Ишкамба
Хушнуди Дадо дар саҳнаи театру кинои тоҷик зиёда аз 20 нақш офаридааст, ки беҳтарини онҳо нақши Қорӣ – Ишкамба аз намоишномаи Қорӣ – Ишкамбаи, коргардон Муҳиддини Музаффар буд.
Барои офаридани ин нақш қаҳрамони мо мудати 8 моҳ риши худро дароз карда, ҳатто боре кормандони ШВКД- и Конибодом барои риши дарозаш ӯро ба шӯъба бурда бозпурсӣ намудаанд.
“Нақши Қорӣ – Ишкамба мушкилтарин нақше буд, ки ман бозидам. Шабу рӯз бо коргардон тамрин мекардем. Ҳамагӣ 15 дақиқа барои хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдан вақт доштему халос.
Дар образи мазкур даву тоз зиёд буд ва боз ман бояд поямро шал нишон медодам, арақ аз сару рӯям рехта сабаби афтидани ришҳои сохтаам мешуд. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки риши худамро дароз кунам ва барои мувофиқ шуданаш ба нақш тӯли 8 моҳ ришамро натарошидам”, – нақл кард Хушнуд.
Соли 2018 нахустнамоиши Қорӣ – Ишкамба дар фестивали театрҳои касбии Парасту – 2018 дар Душанбе намоиш дода шуд. Намоиш тамошобинонро моту мабҳут кард, ки дар охир онҳо зиёда аз 5 дақиқа ба ифтихори ҳунармандон ва таҳиягарон каф кӯфтанд. Таҳиягарон то лаҳзаи нахустнамоиш шакли намоишномаро 10 маротиба иваз кардаанд.
“Коргардон хеле нуқтасанҷ буд ва ҳар даъфа лозим меомад, ки шакли намоишро иваз кунем. Ҳангоми тамрин бисёр ҷангу нофаҳмиҳо мешуд, ӯ намефаҳмид, ки мо рӯҳан монда мешавем. Маҷбур мекард, ки як амалро 15 маротиба иҷро кунам, ки ин сабаби ҷангу ҷанҷол мешуд. Вале ин ҷанги корист ва ягон намоиши хуби театрӣ бе ҷанг тавлид намешавад”, – мегӯяд ӯ.
Қорӣ – Ишкамба дар фестивали Парасату-2018 ҷои аввалро ишғол намуд, пас аз ин онҳоро ба Қирғизистон даъват намуданд. Баъдан онро дар Русия низ намоиш доданд. Намоиш дар Русия роҳи Қорӣ-Ишкамбаро ба дигар кишварҳо боз мекунад. Соли 2020 бояд намоиш дар 10 фестивали байналмиллалӣ иштирок мекард, ки аз сабаби пандемия бекор карда шуданд.
500 сомонӣ барои нақшофарӣ дар филм
Хушнуди Дадо дар чандин филмҳои ватанӣ нақш офарида ҳамагӣ аз сетои он музд гирифтааст. Барояш нақш офаридану ҳунарашро нишон додан аз пул болотар аст, лекин бе пул низ зиндагиро пеш бурдан намешавад. Хушнуд бо вуҷуди он ки коргардонҳо барои нақшофарӣ ба ӯ музди ночиз медиҳанд ё пул намедиҳанд, нақшофариро идома медиҳад.
“Соли 2018 маро коргардон Румӣ Шоазимов ба филми “Хаёлпарастони музофотӣ” даъват намуд, ба Душанбе омадам қабулам карданд, вақте аз музд пурсидам гуфтанд, ки 500 сомонӣ барои се рӯзи корӣ .
Ман розӣ шудам ва нақш офаридам, агар пул намедиҳанд гуфта ба филмҳо наравам, пас 5 соли таҳсилам дар донишкада бефоида хоҳад буд”, – мегӯяд Хушнуд.
Ҳаромӣ – беҳтарин таъриф
Хушнуд соли 2014 дар филми “Паймон”-и коргардон Муҳиддини Музаффар нақш офаридааст, ки яке аз нақшҳои дӯстдоштааш дар соҳаи синамост. Ногуфта намонад, ки ӯ аз ин филм низ 300 сомонӣ музд гирифтааст.
“Дар ин филм ман нақши Зафар дӯсти Фаридун қаҳрамони асосиро мебозидам, ки барои наҷоти худаш ба дӯсташ хиёнат мекунад. Ҳамин ки Муҳиддин нақшро ба ман пешниҳод кард, дарҳол қабул кардам. Пас аз намоиши филм рӯзе дар як чойхонаи шаҳри Хуҷанд бо дӯстам нишаста будем, ки гуфтугӯи ду зан ба гӯшам расид.
Яке тарафи дигари мегуфт : “Мана ин ҳаромӣ ҷӯреша пулба шуда фурӯхту боз шарм надошта омада шаҳри Хуҷандба гаштаст”. Ин беҳтарин сухане буд, ки ман дар ҳаётам шунидам ва хеле хушбахт будам. Ман тавонистам, ки бо ҳунарам бинандаро ҷалб кунам”, – бо ифтихор мегӯяд Хушнуд.
“Танҳоӣ одамро мекушад”
Бо вуҷуди то як андоза маъруф шудан, пас аз намоиши Қорӣ – Ишкамба, қаҳрамони мо соли 2018 тарки касбу ҳунар карду ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт. Ӯ дар фестивали Парасту – 2018 ба беқадрии ҳунару ҳунарманд боварии комил ҳосил карда, тасмим гирифт, то боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад.
“Натиҷаҳои ин фестивал маро куллан аз касбам дилсард кард ва тасмим гирифтам роҳамро дигар кунам».
Бар зами ин ҳама беқадрӣ ӯро инчунин музди ночизи театр, ки барои таъмини аҳли оилааш як як тараф ҳатто хароҷотҳои худашро намебарорад дилсардаш кард.
“Айни ҳол дар Русия ба ронандагӣ машғулам. Дар ин ҷо маблағи хубе кор мекунам ва метавонам хонаводаамро бе ягон мушкилӣ таъмин намоям. Аммо як дарди ҷонкоҳ дорад ғарибӣ, ки он танҳоист. Танҳои одамро мекушад”, – мегӯяд Хушнуд.
Хушнуд дар портали Youtube, шабакаҳои иҷтимоии Tik tok, instagram саҳифаҳои худро кушодааст. Дар ин саҳифаҳо ҳар гуна наворҳоро сабт намуда мехоҳад мухлисон ва пайравони худро пайдо намояд.
“Агар имконият даст диҳад ошхона ё тарабхонаи хусусии худро мекушояму роҳи тиҷоратро пеш мегирам, чӣ тавре ки дар кӯдакӣ орзу мекардам”. – мегӯяд ӯ.
Малика Сафарзода Your.tj