fbpx

5 зодаи Тоҷикистон, ки қасди анҷоми амали террористиро доштаанд, дар Москва муҳокима мешаванд

Ба онҳо ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.


0
Бинои ФСБ
Бинои ФСБ дар Лубянка. Акс аз ТАСС

Суди ҳарбии Ҳавзаи ғарбии дуюм дар Москва ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ алайҳи шаш нафар, ки аъзоёни гурӯҳи террористии ДИИШ дониста мешаванд, шурӯъ кардааст. Ба иттилои Хадамоти амниятии федеролӣ (ФСБ) ин гурӯҳ дар соли 2022 қасд дошт бинои хадамоти амният дар Лубянкаро тарконанд. Панҷ нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти суд.

Маводи таркандаро як маргталаб бояд дар бинои ФСБ метарконд, ки ӯ низ муҳокима мешавад.

Ба иттилои хабаргузории “Фарғона”, дар ҷаласаи суд ба ҳамаи айбдоршавандагон барои шиносоӣ хулосаи айбдоркунӣ бо забони тоҷикӣ пешниҳод шуда, муҳокимаи навбатии парванда рӯзи 1 ноябр таъин гардидааст.

Гуфта мешавад, аз натиҷаи тафтишот муайян гардидааст, ки тибқи нақша таркиши маргталабонаро зодаи Тоҷикистон Абдуқоир Тоирови 23-сола бояд анҷом медодааст.

Талаби асосие, ки онҳо пас аз ҳамлаи террористӣ бояд изҳор мекарданд, “хуруҷи нерӯҳои Русия аз қаламрави Сурия” будааст.

Моҳи апрели соли 2022 кормандони Хадамоти бехатарӣ (ФСБ) шаш узви аз 19 то 25-солаи гурӯҳи террористиро боздошт карданд.

Панҷ нафар муттаҳамон – амакбачаҳо Манучеҳр ва Раҷабалӣ Бӯриевҳо, Абдумалик Самиев, Самандар Тошмуродов ва Абдуқодир Тоиров – зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Нафари шашуми ин парванда Гоҷимурод Гасаналиев, зодаи Ҷумҳурии Доғистони Русия будааст. Дар лаҳзаи боздошт онҳо дар Москва ба ҳайси бурдарасон (курер) ва дар сохтмонҳо кор мекардаанд. Гуфта мешавад, аксари онҳо танҳо мактаби миёнаро хатм кардаанд.

Вобаста ба нақш ва иштироки онҳо, ҳамаи айбдоршавандагон барои содир кардани ҷиноятҳои шаш моддаи Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия айбдор карда мешаванд:

  • кӯшиши содир намудани амали террористии гурӯҳӣ бо маслиҳати пешакӣ;
  • омодагӣ бо мақсади амалӣ намудани амали террористӣ;
  • омодасозии ғайриқонунии маводи тарканда;
  • ташкили ҷомеаи террористӣ;
  • ташкили фаъолияти ташкилоте, ки мутобиқи қонунгузории ФР террористӣ эътироф шудааст;
  • мусоидат ба амали террористӣ.

Ба айбдоршавандагон ҷазо то ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вакилони дифои муттаҳамон, дар парванда шахси ҳафтум низ ҳаст, ки ба гуноҳи худ комилан иқрор шуда, барои ҳамкорӣ бо тафтишот шартнома кардааст. Парвандаи ӯро суд дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунад.

Вакилони дифоъ исрор меварзанд, ки парвандаи ҷиноятӣ алайҳи зерҳимояи онҳо сиёсӣ шудааст, ҷиноятҳо бошанд, аз сӯи кормандони хадамоти вижаи Русия таҳрик дода шудаанд. Ҳамзамон, дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ панҷ нафар айбдоршаванда ба гуноҳ пурра ё қисман иқрор шуда, як судшаванда ба гуноҳ иқрор намешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend