Соли 2025 ба поён мерасад, аммо ҳодисаҳои пурсарусадо ва даҳшатангези дар ин сол рухдода дар хотири мардуми Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Зане, ки дар Қубодиён се фарзандашро корд зад ва яке аз онҳо ба ҳалокат расид
Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиён 21-уми июни соли 2025 бо корд духтари шашмоҳаашро кушта, ду писари хурдсолашро захмӣ кард.
Ӯ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Бозорова баъдан сабаби даст задан ба ин ҷинояти мудҳишро шарҳ дода буд.
Ба гуфтаи Варқа Зайниддин, ёвари додситони вилояти Хатлон, сабаби аслии қасди ҷони фарзандон кардани ин зан “ҷанҷоли кӯдакон ва эроди хусур” будааст.
Зан бо корд аввал ба ҷисми писари калониаш Муҳаммад Хомитови 5-сола, ки хоб будааст, 5 зарба, ба тани писари дуюмаш Исо Хомитови 3-сола, ки гаҳвораи хоҳарашро меҷунбонид, 5 зарба ва ба духтарчаи шашмоҳааш Хадича Хомитова, ки дар гаҳвора хоб буд, 3 зарба зада, сипас ба шиками худ низ корд мезанад.
Табибон Муҳаммад ва Исоро наҷот доданд, аммо Хадича рӯзи 5-уми июл дар шуъбаи эҳё ҷон бохт.
Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 16-уми сентябр Юлдуз Бозороваро бар асоси моддаи 104 қисми 2, бандҳои “а”, “в”, “е” (куштор бо бераҳмии махсус) гунаҳкор дониста, ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.
Модаре, ки дар Фархор худ ва 4 фарзандашро ба дарё андохт
Мадина Ҳалимова, зани 27-солаи сокини ноҳияи Фархор, шаби 29 ба 30 июн чаҳор фарзанди хурдсолашро ба дарё партофт.
Ӯ сабаби ба ин кор даст заданашро “аз рашк ба шавҳараш” гуфта буд. Дар робита ба ин қазия то рӯзи 15-уми июл ду мурофиаи додгоҳӣ баргузор шудааст.
Зан нақл кард, ки “аввал се кӯдакро ба дарё андохта, чорумӣ дар бағалам худро низ ба дарё партофтам”.
“Дар хотир дорам, ки вақте дар об ғӯта мезадам, ҷонам ширинӣ кард ва кӯдакро партофтаму як буттаро дошта, берун баромадам ва то саҳар дар даруни ҷангал гиря карда нишастам”, – гуфта буд Мадина Ҳалимова.
Ҷасади се кӯдак: Зайнаби 3-сола, Муҳаммади 2-моҳа ва Ёсамини 2-сола пайдо шуда, ҷустуҷӯи Латофати 5-сола идома дорад.
Нисбати Мадина Ҳалимова бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, рӯзи 9 октябр ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Падаре, ки ҳамчун ҷазо писари 15-солаашро ба пушти мошин бо ноқил баста кашола кард
Парвиз Одинаеви 40-сола, сокини шаҳри Турсунзода писари 15-солаашро бо бераҳмӣ ба марг расонд.
Ҳодиса 26-уми июл рух дод. Ӯ писарашро барои ду маротиба дуздии маблағ, ба миқдори 800 ва 600 сомонӣ гумонбар дониста хост ӯро бо чунин роҳ ҷазо диҳад.
Ба иттилои ВКД, Парвиз Одинаев барои ошкор ва иқрор намудан писари ноболиғашро бо зӯроварӣ ба мошинаш савор карда ба ҷойи беодам, ба заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бурда, бо ноқили тахминан 2-метрӣ аз пойи писараш баста, самти дигари ноқилро дар қафои воситаи нақлиёташ баста тахминан 100 метр кашола кардааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Навори шиканҷаи ин наврас, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва хашми корбаронро барангехт.
Дар навор дида мешавад, ки наврас хуншор ва дар хоку хун олуда аст ва шахси сабткунанда аз ӯ мепурсад: “600 сомониро ту аз хона гирифтӣ?”.
Суди Олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро, ба 25 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Ҷанҷоли наврасон дар Душанбе, ки боиси марги як хонандаи синфи 10 шуд
Дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷанҷоли гурӯҳии наврасон, ки шаби 9-уми ноябр дар микроноҳияи 65-уми пойтахт рух дод, як хонандаи синфи 10 ба ҳалокат расида, як нафари дигар маҷруҳ шуд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар пойтахт, наврасон ҳангоми муноқиша аз корд истифода намудаанд.
“Гумонбаршаванда Раҳматшозода Н., аз сабаби нофаҳмиҳои лафзӣ, ки қаблан тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ бо ноболиғ Раҷабов А., доштанд, аз ду ҷониб муноқишаи гурӯҳӣ ташкил намудаанд. Дар натиҷа, Раҳматшозода Н., бо корд ба қисматҳои гуногуни бадани Раҷабов А., зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст”, – шарҳ дод ин ниҳод.
Инчунин, ноболиғи дигар Шарифов Ш., бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуд.
Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ) парванда боз карда, гумонбарро ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.
Куштори кӯдаки 10-солаи тоҷик дар Русия бар пояи нафрати миллӣ
Қобилҷон Алиев, кӯдаки 10-солаи тоҷик рӯзи 16-уми декабр дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав бар пояи “нафрати миллӣ” аз сӯйи як навраси 15-солаи шаҳрванди Русия кушта шуд.
Ҷасади ӯро 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд.
Кумитаи тафтишоти Русия нисбати гумонбар бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум намуда, аз ҷониби Русия таҳқиқи ҳамаҷонибаву беғаразонаро талаб карданд.
22 декабр Владимир Путин президенти Русия зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар робита ба ин куштор изҳори ҳамдардӣ кард.
Ӯ гуфт, ҳодисаи куштори кӯдаки 10-солаи тоҷик таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.
Дар навори ҳодиса, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кардааст, дида мешавад, ки ҳамлагар бо корд ба назди гурӯҳи хонандагон омада, аз онҳо мепурсад: “Шумо аз кадом миллат ҳастед?”.
Муҳофиз кӯшиш мекунад ӯро боздорад, аммо наврас ба рӯйи ӯ гази ашковар пошида, бо корд ҳамла мекунад. Баъдан ҳамлагар дубора ба кӯдакон ҳуҷум карда, як писарбачаро захмӣ месозад.









