logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

5 узви як хонавода дар пайи як садама фавтиданд

Наздикони ронанда, модараш зани 59-сола, ҳамсараш зани 27-сола, ду писари 2 ва 4 сола ва янгаи 52-солааш ба ҳалокат расидаанд.

Your tj

12:3528.04.2025

5 узви як хонавода дар пайи як садама фавтиданд

Дар пайи як ҳодисаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ёвон панҷ узви як хонавода ба ҳалокат расиданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодиса 25-уми апрели соли равон рух додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод ронандаи “Мерседес-бенс” Орзу Калтаеви 30-сола, сокини ноҳияи Ёвон “ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти деҳаи Ҷойламаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузари қисмати рости роҳ сарозер шудааст”.

Дар пайи ин ҳодиса наздикони ронанда, аз ҷумла модараш зани 59-сола, ҳамсараш зани 27-сола, ду писари 2 ва 4 сола ва янгаи 52-солааш ба ҳалокат расидаанд.

Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ