fbpx

5 соли зиндон ба сарбозе, ки дар сари наваскарон бо тарошидани мӯй “КОНИБОДОМ” навишта буд

Ҳукм 18 сентябр содир шудааст.


0
Таҳқири сарбозони тоҷик
Акс аз сомонаи Прокуратураи генералӣ

Муҳриддин Исмоилов сержанти хурде, ки  дар сари нӯҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи “Конибодом”-ро навишта, баъди паҳни акси он дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир шуда буд, ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ҳукми ӯро Суди ҳарбии шаҳри Хуҷанд баровардааст. Гуфта мешавад, Исмоилов бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Тоҷикистон “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад” гунаҳкор дониста шудааст.

“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Суди ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар ин бора хабар дод.

Муҳриддин Исмоилов бо мақсади нишон додани бартарию тавонмандии худ  шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст, зикр мешавад дар ҳукми суд.

“Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои  КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”, – омадааст дар ҳукм.

Таъкид мегардад, ки номбурда бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст ва аксро баъди адои хизмати ҳарбӣ 15-уми июни соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.

Муҳриддин Исмоилов тобистони соли ҷорӣ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шудани аксе, ки дар он дар сари нуҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи “Конибодом” навишта шуда буд, дастгир гардид.

Прокуратураи генералии Тоҷикитсон 20-уми июн, пас аз боздошт бо нашри як вокуниш ҳақиқӣ  будани ин аксро тасдиқ карда, навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда… мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.

Бояд гуфт, ки давоми як соли охир ин мавриди дуввуми пурсару садои ба ҷавобгарӣ кашидани базургсарбозон барои таҳқиру тавҳини наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.

Қаблан, Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва 7 сарбозро барои латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 9,5 то 11,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Ин афсару сарбозон низ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани навори латукӯби наваскарон ва вокуниши сокинон боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон дарди кӯҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи меҳтарсолорӣ ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend