fbpx

5 шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир дар Узбекистон боздошт шуданд

Айни замон нисбати боздоштшудагон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардида, тафтишот идома дорад.


0
Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон барои қочоқи маводи мухаддир
Намогирифт

Дар минтақаҳои гуногуни Узбекистон беш аз 15 кг маводи мухаддир мусодира ва қочоқбарон, аз ҷумла 5 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон рӯзи 14-уми сентябр хабар дод.

Дар гузориш қайд карда мешавад, ки ин ҳодисаҳо байни ҳам робита надоранд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шарики ӯ, сокинони ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах ҳангоми фурӯши беш аз 9,5 кило афюн ба маблағи 55 ҳазор доллар боздошт шудаанд.

Дар ноҳияи Зомини ҳамин вилоят боз се шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Аз онҳо қариб 3 кило ҳашиш мусодира шудааст.

Инчунин, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ боздошт шудааст, ки дар як муассисаи хӯрокворӣ дар шаҳраки Даштобод онҳоро интизор буд.

Илова бар ин, кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, милитсия ва гумруки вилояти Қашқадарё дар назди посгоҳи БДА-и ноҳияи Муборак як мошини тамғаи «Матиз»-ро боздошт ва аз мусофири он 973 грамм маводи нашъадори «героин» дарёфт ва мусодира намудаанд.

Зимни бозпурсӣ маълум шудааст, ки ӯ дар ноҳияи Когони вилояти Бухоро қариб 2 кило ҳероин зери хок пинҳон кардааст ва он низ мусодира шудааст.

Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатӣ, айни замон нисбати боздоштшудагон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 7-уми сентябр кормандони гумруки Узбекистон дар гузаргоҳи Сариосиё дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аз як мошини холӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 70 кило маводи мухаддир – 31,9 кг ҳероин ва 37,3 кг ҳашиш дарёфт карда буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend