Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Таиланд 5 муштзани тоҷик сазовори медал шуданд. Ягона медали тилоро ба дастаи Тоҷикистон Акмал Убайдов овард.
Чемпионати Осиё барои муштзанони тоҷик бобарор анҷом ёфт ва варзишгарон дар умум як медали тило, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд, ки аввалин бор дар таърихи бокси Тоҷикистон мебошад.
Муштзани тоҷик Акмал Убайдов дар ин мусобиқа зери вазни 60 кг баромад карда, барандаи медали тило шуд. Дар финал Убайдов бар намояндаи Ҷопон Сота Накайама бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст овард.
Убайдов дар роҳ ба финал муқобили намояндаи Қазоқистон Билбарс Жехен ва намояндаи Украина Айдер Абдураимов зафар ёфта буд.
Ҳамин тавр, пас аз 5 сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё медали тило овард. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 аз Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.
Парвиз Каримов (92 кг) дар даври нимниҳоӣ Богдан Толмачов аз Украинаро мағлуб кард. Каримов дар финал аз муштзани қазоқ Сагюндюк Тогамбай пеш аз муҳлат шикаст хӯрд ва сазовори медали нуқра шуд.
Медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Саидов (86 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг) ва Шукрат Саломатов зери вазни (67 кг) соҳиб шуданд.
Муштзанони дигари тоҷик Меҳрон Шафиев (48 кг) , Хусравхон Раҳимов (57 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг) бемедал мусобиқаро ҷамъбаст намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Таиланд аз 28-уми ноябр то 11-уми декабр миёни беҳтарин муштзанони Осиё доир гардид. Дар мусобиқа беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 кишвари Осиё ширкат варзиданд.