fbpx

5 кӯдаки дар Русия аз сӯхтор ҳалокшуда эҳтимол аз оилаи муҳоҷирони тоҷик будаанд

Дар натиҷаи ин сӯхтори мудҳиш панҷ кӯдак, аз ҷумла навзоди думоҳа ва ноболиғони як, нӯҳ,ёздаҳ, ва ҳабдаҳсола ҷон бохтаанд.


0
Акс аз Кумитаи тафтишотии Русия

Дар натиҷаи сӯхторе, ки шаби 13 июн дар деҳаи Куровское, воқеъ дар минтақаи Орехово-Зуевои вилояти Москваи Русия рух дод, панҷ узви як хонаводаи муҳоҷирони тоҷик ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои як муҳоҷири тоҷик, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат кардааст, ҳангоми сӯхтор эҳтимолан ҳамсар, фарзандон ва духтари калони Асадулло бо кӯдаки навзодаш, зодагони ноҳияи А.Ҷомии Тоҷикистон дар дохили хона будаанд.

Гуфта мешавад, ин оила наздики даҳ соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Асадулло ҳангоми сар задани сӯхтор дар ҷои кораш будааст ва хонае, ки оташ гирифт, шахсӣ буд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия рӯзи 13 июн тасдиқ кард, ки дар сӯхтор панҷ кӯдак, аз ҷумла навзоди думоҳа ва ноболиғони 1, 9,11, ва 17-сола ҷон бохтаанд. Кумитаи тафтишотии Русия бо моддаи “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани ду ва зиёда нафар” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Мақомот мегӯянд, хона бо паҳнои 72 метри мураббаъ комилан ба коми оташ рафта ва дар он низоми огоҳонӣ аз сӯхтор мавҷуд набудааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Москва мегӯяд, гурӯҳи кориро ба макони ҳодиса фиристодааст. Назаралӣ Вализода, сардори шӯъбаи ҳуқуқи ин намояндагӣ ба Озодӣ гуфтааст, ҳоло санҷиш ҷараён дорад ва маълумоти расмӣ дар бораи шаҳрвандии қурбониён баъдтар пешниҳод хоҳад шуд.

Манобеъ мегӯянд, як фарзияи аввалияи сабаби сӯхтор таркиши эҳтимолии баллони газ дар дохили хона аст, вале тафтишот ҳоло идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend