logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

43 ҳолати монеъшавӣ ба таҳсил дар Душанбе

Your tj

14:3113.04.2026

43 ҳолати монеъшавӣ ба таҳсил дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе дар се моҳи соли ҷорӣ 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки барои чунин волидон бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар додааст.

Барои ин гуна қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи 1000–1200 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда — 78 сомонӣ), корҳои ҳатмӣ аз 180 то 240 соат ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол пешбинӣ шудааст.

Дар изҳороти мақомоти корҳои дохилӣ таъкид шудааст, ки волидон бояд ба тарбия ва таҳсили фарзандон ҷиддӣ муносибат кунанд, барои онҳо шароити зарурии омӯзиш фароҳам оваранд ва раванди таҳсилро зери назорати доимӣ нигоҳ доранд, зеро ояндаи ҷомеа аз тарбияи дурусти насли наврас вобаста аст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ