“400 метри мураббаъ чӯбу тахта сӯхт”. Сӯхтор дар бозори тахтаи Ҳисор

Дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештаре нест.


Сӯхтор дар бозори тахтаи Ҳисор

Сӯхтори шадид субҳи имрӯз, 31-уми август бозори тахтаи шаҳри Ҳисорро фаро гирифт. Тибқи иттилои Хадамоти оташнишонӣ сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳ оғоз шудааст.

Манбаъ мегӯяд, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.

“Дар масоҳати 400 метр мураббаъ чӯбу тахта оташ гирифтаанд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол маълум нест, оқибатҳои он бартараф шуда истодааст ва дар ин робита корҳо идома доранд”,- хабар медиҳад хадамот.

Навори лаҳзаи оташгирии бозор дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар он дида мешавад, ки масоҳати зиёди тахта дар коми оташ аст.

Ба навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои хомӯш кардани сӯхтор оташфишонҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ба кӯмак омадаанд.

Дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештаре нест. Расман шарҳ дода нашудааст, ки сӯхторро кай хомӯш карданд ва хисороти молии он чӣ миқдор аст. Инчунин дар бораи талафоти ҷонӣ низ маълумот нест.