logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"400 метри мураббаъ чӯбу тахта сӯхт". Сӯхтор дар бозори тахтаи Ҳисор

Дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештаре нест.

Your tj

16:4331.08.2023

"400 метри мураббаъ чӯбу тахта сӯхт". Сӯхтор дар бозори тахтаи Ҳисор

Сӯхтори шадид субҳи имрӯз, 31-уми август бозори тахтаи шаҳри Ҳисорро фаро гирифт. Тибқи иттилои Хадамоти оташнишонӣ сӯхтор тақрибан соати 4:00 дақиқаи субҳ оғоз шудааст.

Манбаъ мегӯяд, шоҳидон соати 4:16 дақиқаи субҳ ба хадамоти оташнишонӣ тамос гирифтаанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

"Дар масоҳати 400 метр мураббаъ чӯбу тахта оташ гирифтаанд. Сабаби сӯхтор то ба ҳол маълум нест, оқибатҳои он бартараф шуда истодааст ва дар ин робита корҳо идома доранд",- хабар медиҳад хадамот.

Навори лаҳзаи оташгирии бозор дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар он дида мешавад, ки масоҳати зиёди тахта дар коми оташ аст.

Ба навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои хомӯш кардани сӯхтор оташфишонҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ба кӯмак омадаанд.

Дар бораи ҷузъиёти оташгирии бозор иттилои бештаре нест. Расман шарҳ дода нашудааст, ки сӯхторро кай хомӯш карданд ва хисороти молии он чӣ миқдор аст. Инчунин дар бораи талафоти ҷонӣ низ маълумот нест.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

1 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

2 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ