Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:1605.05.2025
4-уми май, натиҷаҳои Лотереяи Green Card-2025 (DV 2026), ки дархостҳо барои он тирамоҳи соли 2024 пешниҳод шуда буданд, эълон гардиданд. Оё шумо ғолиб шудаед ё не ва чӣ тавр онро тафтиш кардан мумкин? Мо дар ин бора маълумоти муфассал гирд овардем.
Иштирокчиёни Лотереяи Green Card 2025 (DV 2026) метавонанд дархости худро аз 4 май тафтиш кунанд ва аз натиҷааш бифаҳманд, ки оё дархосташон бурднок интихоб (selected) шудааст ё не.
Натиҷаи дархости худро танҳо дар сомонаи расмии Лотереяи Green Card https://dvprogram.state.gov тафтиш кардан мумкин.
Барои тафтиш рақами тасдиқӣ (confirmation number)-ро шумо бояд дар вақти дархост қайд карда бошед.

Барои ин лозим аст:
Маълумоти ҳангоми пешниҳоди ариза захирашударо ворид кунед:
Дар натиҷа, ду ҷавоби имконпазир пайдо мешавад:
Шумо ин паёмро хоҳед дид – You have been randomly selected for further processing. Ин маънои онро дорад, ки шумо интихоб шудаед. Акнун имкони гирифтани раводиди муҳоҷирати DV ба Иёлоти Муттаҳида ва баъдтар шаҳрвандиро ба даст овардед.
Has not been selected или как сокращенно говорят — HNBS — 99% аз иштирокчиёни бозии лотереяи корти сабз айнан ин паёмро мебинанд. Шумо бурд накардед ва шояд соли оянда муваффақ шавед.
Агар дар рӯзи аввали эълони натиҷа барои тафтиш ворид шудан хоҳед, бояд ба он омода бошед, ки дар кори сомона метавонад мушкилиҳо ба вуҷуд ояд.
Сабабаш дар он аст, ки шумораи зиёди одамон мехоҳанд ба он ворид шаванд, то натиҷаҳои худро тафтиш кунанд ва бифаҳманд, ки оё имкони тағйир додани ҳаёти худро ба даст овардаанд.
Нигарон набошед, натиҷаҳо чанд моҳи дигар дастрасанд.
Маслиҳат медиҳем, ки дар ҳар 4-6 моҳ як маротиба “ба ҳар сурат” дархости худро ба Лотереяи Green Card-ро дубора тафтиш кунед — баъзан иловаҳо барои дархостҳо пайдо мешаванд.
Акнун метавонед аз гум кардани confirmation number (рақами тасдиқӣ) дар ташвиш набошед. Зеро дар сомонаи расмӣ тартиби барқароркунӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд маълумоти дақиқи дар дархост нишондодашударо бидонед — Насаб, Ном, Номи падар, Санаи таваллуд ва почтаи электронии ҳангоми бақайдгирии дархост барои корти сабз нишон дода шуда.
Агар шумо дастрасӣ ба почтаи электронии ҳангоми дархост ба корти сабз нишон додашударо аз даст дода бошед, барқарор кардани рақами тасдиқӣ қариб ғайриимкон аст.
Иштирокчиёни DV-2026 рақами тасдиқии худро бояд то 30-юми сентябри соли 2025 нигоҳ доранд.
Ҳангоми санҷиши дархости шумо барои иштирок дар Лотереяи Green Card, шумо метавонед чунин паёмро бинед — Warning:The information entered is not valid (маълумоти воридшуда дуруст нест).
Ин метавонад якчанд сабаб дошта бошад:
Рақами тасдиқӣ (confirmation number)-ро бодиққат тафтиш кунед. Кӯшиш кунед, ки онро барқарор созед ва бо он чизе, ки ворид мекунед, муқоиса намоед.
Дар ин ҷо шумо метавонед дар бораи чӣ тавр дар ИМА хона харидан маълумот бигиред, агар шумо аллакай ғолиби Green Card ҳастед ва ҳоло мехоҳед ба Иёлоти Муттаҳида равед, мо ҳама маслиҳатҳоро гирд овардем.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад