fbpx

4 парвоз дар як ҳафта: Тоҷикистон парвозҳоро ба Дубай ва Истанбул зиёд кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Дидорбинӣ аз Сайрам Исоева то Фарзона: раиси шаҳри Хуҷанд супориши Президентро иҷро кард

Субҳи имрӯз бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд як қатор бонувони шинохтаи соҳаҳои фарҳангу адабиётро аёдат кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода як қатор бонувони шинохтаи шаҳр, аз ҷумла Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳунарпешаи мумтози театру кинои тоҷик, Хунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Хосият Зокирова, собиқадори меҳнат Тӯтинисо Комилова ва дигаронро аёдат кард.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздид шаҳрдор бонувонро бо Соли нави мелодӣ табрик намудааст.

Дар Тоҷикистон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон филми мустанад меофаранд

Муассисаи “Тоҷикфилм” ба нақша гирифтааст, дар соли 2021 якчанд филми мустанад, азҷумла дар бораи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон филм офарад.

Муассиса ҳамчунин барои ба навор гирифтани филми таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” миёни филмноманависон озмун эълон карданист. Беҳтарин филмноманависонро ҷоиза интизор аст.

Ҳамчунин муассиса дар бораи даврони соҳибистиқлолӣ филми мустанад бо номи “Тоҷикистон” ба навор мегирад.

Филм дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 30-солагии истиқлол пешниҳоди бинандагон хоҳад шуд.

“Тоҷикфилм” дар соли 2020 филми анитматсионии “Алифбо”-ро дар ҳаҷми 88 дақиқа  омода кардааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста бо коронавирус нахустнамоиши он баргузор хоҳад шуд.

Русия ба Тоҷикистон беш аз 800 000 тонна сӯзишвориро бе боҷи гумрукӣ медиҳад

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта эълон кард, ки Русия соли 2021 ба кишвар 830 ҳазор тонна сӯзишвориро бе боҷи гумрукӣ интиқол хоҳад дод.

Бино ба маълумоти вазорат, Тоҷикистон дар баробари дигар маводи нафтӣ, 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ мегирад.

Русия ва Тоҷикистон соли 2013 барои интиқоли маҳсулоти нафтӣ созишномаи байниҳукуматиро имзо кардаанд. Қариб ҳар сол ба ин созишнома дар мавриди ҳаҷми маҳсулоти нафтии интиқолёбандаи Русия ба бозори Тоҷикистон тағйирот ворид карда мешавад.

Сарбозро барои шикастани ҷоғи ҳамхизматаш 5 сол зиндонӣ карданд

Зодаи вилояти Суғд Кароматулло Мирзоеви 20-сола барои лату кӯби ҳамхизматаш ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар наздикии хонаашон хизмати ҳарбиро адо мекард ва то охири муҳлати хизматаш ҳамагӣ 1 моҳ боқӣ монда буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд хабар дод, нимаи аввали соли равон Мирзоев наваскар А.М.-ро “барои густохӣ нисбати сержанти хурди қисми ҳарбӣ” лату кӯб кардааст.

“Аз зарба ҷоғи поёни наваскар шикаста, ӯ бо ҷароҳати вазниниаш миёна дар бемористон бистарӣ мешавад”, – хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Прокуратураи ҳарбӣ нисбат ба Кароматулло Мирзоев мутобиқи моддаи 373, қ. 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Парвозҳо аз Душанбе ба Дубайу Истанбул зиёд шуданд: 4 парвоз дар як ҳафта

Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати зиёд кардани парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Дубай ва Истанбул иҷоза дод.

Акнун дар хатсайрҳоДушанбе-Дубай-Душанбе ва Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта чор маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд. Қаблан бо ин самтҳо ба ширкатҳо иҷрои танҳо як парвоз иҷоза буд.

“Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвозҳои иловагӣ ба Дубай ва Истанбул иҷоза дод. Акнун ширкатҳои ҳавопаймоии «fly Dubai» ва «Сомон Эйр» дуборӣ ба як самт ва бозпас аз он ҷо парвоз мекунанд”, – хабар дод директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар самти Душанбе-Исттанбул ширкатҳои «Turkish Airlines» ва «Сомон Эйр» низ ду парвозӣ иҷро мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend