350 миллион доллар кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”

Бонки Ҷаҳонӣ барои кӯмак дар анҷоми тарҳи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 350 миллион доллари ИМА ҷудо кард.

Ин бонк дар баёнияе гуфт, ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки иқтидори пешбинишудаи он 3780 мегаватт аст, дастрасии аҳолии Тоҷикистонро ба нерӯи барқ беҳтар намуда, барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон мусоидат мекунад.

Тибқи хулосаи Бонки ҷаҳонӣ, нерӯи барқе, ки дар нерӯгоҳи “Роғун” тавлид мешавад, бо нархи дастрас ба Қазоқистон ва Узбекистон содир карда мешавад ва ба ин васила партоби газҳои гулхонаӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Антонелла Бассанӣ, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, “тарҳи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар суръатбахшии гузариш ба нерӯи тоза, ҳавасмандии рушди иқтисодӣ ва эҷоди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим кӯмак хоҳад кард”.

Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз соли 2008 дубора оғоз шуд. Негӯгоҳ аз шаш агрегат иборат буда, то ҳол ду агрегати он ба истифода дода шудааст. Моҳи августи соли равон вазорати молия гуфта буд, барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони “Роғун” беш аз 6 миллиард доллар лозим аст.

Skip to toolbar