30 шаҳру ноҳия нақшаи даъватро иҷро кардаанд

Дар 10 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон беш аз 77%-и нақша иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 72 фоиз расидааст.

Дар вилояти Хатлон бошад даъвати тирамоҳӣ 91 фоиз иҷро шудааст.

Вилояти Суғд аз иҷро гардидани 64 фоизи нақшаи даъват хабар додааст. Дар ин вилоят ноҳияи Айнӣ нақшаро пурра иҷро кардааст.

Гуфта мешавад, иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе дар 10 рӯзи аввал ба 71 фоиз баробар шудааст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нахустин шуда аз иҷрои пурраи нақша хабар дода буд.

Вазорати мудофиа менависад, аз 1 то 10-уми октябр 30 шаҳру ноҳияи мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати тирамоҳӣ ҳанӯз аввали моҳи сентябр имзо шуда буд, ки мувофиқи он шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 давоми моҳҳои октябр-ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон мардони аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Skip to toolbar