Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 23:1703.02.2025
Имрӯз 3 феврал соати 15:44 дар муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат 9 нафар маҳбус ошӯб бардоштанд.
Дар натиҷа 3 маҳбус кушта ва 3 корманди зиндон захм бардоштанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба иттилои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия.
Дар хабар гуфта мешавад, маҳбусон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба нигаҳбонони муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷум кардаанд.
"Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд",- менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, муҳофизон маҷбур шуданд, ки муқобили онҳо аз силоҳи оташфишон истифода баранд.
"Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд"-, омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуда, вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.
Гуфта мешавад, низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
1 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
5 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
8 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
8 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
9 дня назад