3 млн сомонӣ кӯмаки президент ба хонаводаи куштаву захмишудагони даргириҳои марзӣ

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд

Се миллион сомонӣ: ёрии молӣ ба хонаводаи 19 куштаву 87 захмии даргириҳои марзӣ

Мақомоти давлатии Тоҷикистон ба таври расмӣ хабар доданд, ки ба дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Дафтари матбуоти вилояти Суғд бо нашри хабари расонидани ёриҳои молӣ ба хонаводаҳои қурбониёни ин даргириҳо шумори онҳоро 19 нафар номбар кардааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, раиси вилояти ва фармондеҳи Неруҳои марзбонии кишвар ба ҳамаи хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзӣ аз вилояти Суғд аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёрии молӣ расонида, ба хонаводаҳои шаҳидон изҳори таслияту ҳамдардӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ба хонаводаи ҳар яке аз қурбониёни даргириҳои марзӣ аз номи ҳукумат 70 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.  Ба 87 захмиён ба миқдори аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуд.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ҳамчунин гуфтааст, ки аз номи раисҷумҳур ба хонаводаи ҳамаи қурбониёни ин ҳодисаҳо дар сар то сари кишвар ёриҳои молӣ расонида шудааст, ки ҳаҷми умумии ин маблағ ба хонаводаи қурбониён ва захмишудаҳо 3 миллион сомонӣ будааст.

Дар Точикистон Иди Фитрро рузи 13-уми май чашн мегиранд

Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми май ҷашн гирифта мешавад, чунин қарорро Шӯрои уламои кишвар дар ҷаласаи навбатиаш кабул кард. Тибқи қарори Шӯрои уламо намози идона, рӯзи 13 май соати 6 баргузор мешавад.

Ҳаҷми садақаи фитр ё  фитри рӯза 6 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин ҳаҷм бар асоси арзиши миёнаи ду кило орд тибқи қонунҳои исломӣ муайян гардидаст, – хабар медихад Шӯрои уламо. Дар Шӯрои уламо гуфтанд, ки закоти молро дар баробари камбизоатону ниёзмандон, ба оилаҳои ҳалокшудагони даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ додан мумкин аст.

Тоҷикистон ба Ворух роҳи мошингарди ҷудогонаи худро месозад

Тоҷикистону Қирғизистон доир ба сохтмони роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух” ба мувофиқа расиданд. Ҷониби Точикистон роҳи мошингардро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги истифода мекунад.

Дар ин бора дар изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар гуфта мешавад. Ин қарор бо мақсади ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Тоҷикистон то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии ду кишвар қабул шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Путин масъалаҳои марзиро баррасӣ мекунад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май бо сафари корӣ ба пойтахти Русия меравад. Худи ҳамон рӯз дар Маскав мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин дар назар аст, гуфтанд дар ҳукумати кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарон дар баробари масъалаҳои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва амният, масъалаи аломатгузории сарҳадиро низ баррасӣ мекунанд. Инчунин раисчумхур дар паради Қувваҳои Мусаллаҳи Русия бахшида ба 76-умин солгарди ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 9 май дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат меварзад», – гуфт манбаъ.

Президент ба ҳар собиқадорони ҶБВ 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз фонди захиравии сарвари давлат ба ҳар кадоме аз собиқадорони ин ҷанг 10 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, хабар додаанд ҳукумати кишвар. Ғайр аз ин, президент ба роҳбарони тамоми ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо супориш додааст, ки ба собиқадорон аз буҷаи маҳаллӣ низ кӯмаки молиявӣ расонанд.

Қаблан шаҳрдории Душанбе низ ба 16 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании сокини пойтахт якуним ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 94 собиқадори ҷанг зиндагӣ мекунанд. Дар майдонҳои набарди ҶБВ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангидаанд, ки аз ин шумор 92 ҳазор нафарашон ҳалок ва бе ному нишон шудаанд.

Дар Панҷакент 112 нафарро ба ҷойи бехавф кӯчониданд

Дар қаламрави деҳаи Ғезани ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рӯзи 5 май ҳодисаи сангфароӣ ба амал омад. Ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш бошандагони 29 хонавода иборат аз 112 нафар ба макони амну бехавф кӯчонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуотии КҲФ Тоҷикистон. Қайд мешавад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент айни замон дар ҷойи ҳодиса ба ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида машғул аст.

Хамчунин дар роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ-Хоруғ низ ҳодисаи сангфароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба муваққатан баста шудани роҳ дар ин қитъаҳо боис гардид. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби Хадамоти нигаҳдории роҳи Вазорати нақлиёт техника ҷудо шуд, ки айни замон роҳ тоза ва воситаҳои нақлиёт тариқи он равуо доранд.

Вазъи саломатии корманди НФС-и дар Душанбе таркида вазнин аст

Табибон вазъи саломатии яке аз осебдидагони сӯхтор ва таркиши рӯзи 1-уми майи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Испечаки Душанберо то кунун вазнин арзёбӣ мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Тоҳир Зубайдов, мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази шаҳрии №3 хабар дод. «Ҳолати ҷавон вазнин аст ва 75 фоизи бадани ӯ осеб дидааст. Айни ҳол ҳамаи табобат ва доруворӣ барои ӯ ройгон аст»», – гуфт Зубайдов.

Духтур гуфтааст, ки  ҷавон ятими кул мебошад, вале парастор дорад, ки аз ҳолаш хабар мегирад. Хамчунин гуфта мешавад, ки аз ҷойи кор низ ба ӯ ёрии молӣ мерасонанд.