fbpx

3 ҷавон дар садамае дар шоҳроҳи Душанбе – Файзобод ба ҳалокат расиданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи mchs.ru

Тоҷикистон омори ВКД Русия дар бораи муҳоҷирони ғайрирасмиро барзиёд медонад

Раҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзоев маълумоти ВКД Русия дар бораи ғайриқонунӣ ҳузур доштани 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро аз будаш зиёд медонад. Мирзоев ин нуктаро ба РИА Новости  гуфтааст ва изҳор доштааст, ки онҳо бо боқии муҳоҷирон корро оғоз кардаанд.

“Ин рақам маълумоти давраи 5, 10,15… солро дар бар мегирад. Ба назари мо, аксари онҳо замоне бо дигар ҳуҷҷатҳо ба Тоҷикистон рафта, дар ҳамон ҷо қарор доранд”, – изҳор доштааст Мирзоев.

Ба гуфтаи номбурда, масалан шахс қонунӣ ба Русия омада, лекин ҳуҷҷатҳояшро гум мекунад ва бо ёрии консулгарии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ё маълумотнома (справка) барои бозгашт ба Тоҷикистон гирифтаааст. Дар робита ба муҳоҷирони ғайриқонунии боқимонда  гуфтааст, миёни онҳо бисёр касоне ҳастанд, ки ҳамагӣ як ё ду қонуншикании маъмурӣ доранд.

Ҳалокати 3 ҷавон дар садамае дар шоҳроҳи Душанбе – Файзобод

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт, се сокини шаҳри Душанбе ҷон бохта, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса шаби 17-уми апрел дар мавзеи Дубедаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, се мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд. Ду нафари онҳо ҳамагӣ 17-сола ва нафари севум 22-сола будааст. Ин мошин аз сӯи як сокини 18-солаи Файзобод идора мешудааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳалокшудаҳоро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварданд. Сабабҳои дақиқи ин ҳодиса эълон нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, мошин “бо кадом сабабе” аз роҳ берун ва дучори садама шудаст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамакнун ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Оғози тамринҳои низомии бузургмиқёс дар ҷануби Тоҷикистон

Дар қаламрави се машқгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон имрӯз, 19 апрел тамринҳои густардаи маҷмӯавии фавриву тактикӣ оғоз шуданд. Ин тамринҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, то 23 апрел идома меёбад.

Дар он намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии артиши ҷумҳурӣ аз ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, кормандони мақомоти давлатии кишвар, сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар ҳарбиён дар машқгоҳҳои “Сумбула”, “Момирак” ва “Ҳарбмайдон” баргузор мешаванд. Ба тамринҳо инчунин ҳудуди 70 адад техникаи зиреҳпӯш, 780 адад автомашинаҳо, 20 адад дастгоҳи артиллерия ва 20 адад воҳидҳои авиатсия сафарбар мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Бердимуҳаммадов номаи тасаллият ирсол кард

Президенти Тоҷикистон ба раисҷумҳури Туркманистон дар робита ба фавти падараш номаи тасаллият ирсол кардааст.

Дар номаи тасаллияти президент, ки онро дафтари матбуотияш нашр кардааст, омадааст: “Муҳтарам Гурбангули Мяликгулиевич, Хабари даргузашти падари соҳибэҳтироми Шумо – Мяликгули Бердимуҳамедов боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллӣ ва таъзияи самимии ин ҷонибро қабул фармоед, омадааст дар номаи президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.

Дар Хуҷанд “Мактаби Оксфорд” сохта мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз майдони сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар маркази маъмурии вилоят боздид намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, сохтмони ин мактаб бо саҳмгузории соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида истода, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад ва алҳол дар сохтмони мазкур наздики 70 нафар бинокорон фаъолият доранд.  Интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода дода шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend