3,5 млн ваксина дар ду рӯз. Ваксинатсияи ҳатмии шаҳрвандони аз 18 сола боло оғоз шуд

То имрӯз дар кишвар зиёда аз 474 ҳазор нафар аҳолӣ ваксина гирифтаанд.


Акс аз АМИТ Ховар

Аз Чин ба Тоҷикистон 2 млн воя ваксинаи CoronaVaс бар зидди коронавирус ва сӯзандору  ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид карда шуд. Ин дуввумин бастаи ваксина аз Чин ба Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати тандурустии кишвар.

Ваксинаҳоро дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, муовини аввали Вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ва намояндаи Сафорати Чин дар Душанбе қабул карданд.

Қайд мешавад, ки ваксинаи мазкур худи имрӯз, 28-уми июл ба шаҳру ноҳияи кишвар вобаста ба шумораи аҳолӣ равона мегардад.

Интизор меравад, ки аввали моҳи август ворид шудани вояҳои дигари ваксинаи AstraZeneca-и истеҳсоли аврупоӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар кишвар зиёда аз 474 ҳазор нафар аҳолӣ ваксина гирифтаанд, ки теъдоди хеле ками онҳо вояи дуюми онро гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки сар аз имрӯз, 28-уми июл дар кишвар маъракаи эмкуни оммавии шаҳрвандони аз 18 сола боло оғоз гардид. Тибқи иттилои пешниҳодкардаи вазорати тандурустӣ ба Your.tj шаҳрвандон бо ваксинаҳои Moderna, AstraZeneca ва CoronaVac эм хоҳанд шуд.

“Шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд. Гузаронидани ваксина комилан ройгон мебошад. Пас аз гирифтани он сокинон аз марказҳои тиббӣ гувоҳномаи ваксинатсияро талаб намоянд”, – гуфтанд дар вазорат.

Рӯзи 26-уми июл Тоҷикистон аз Амрико дар доираи кӯмаки башардӯстона 1,5 млн воя ваксина Moderna гирифт.

Ваксинаҳо ба Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX ворид карда шуданд, ки тибқи он ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон бо истифода аз маблағҳое, ​​ки аз ҷониби ҳукумати ИМА низ қисман дода шудааст, 192,000 воя ваксинаи AstraZeneca гирифтааст.

Аз вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки 1,5 миллион воя ваксина барои эм кардани 750 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, ки тақрибан 13%-и шаҳрвандони кишварро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар охири моҳи июн 300 ҳазор вояи ваксинаи чинии CoronaVac низ аз Чин ба Душанбе ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид шуда буд. Инчунин рӯзи 22-юми июл Озарбойҷон ба Тоҷикистон 40 ҳазор дона ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон AstraZeneca-ро ҳамчун кумаки башардӯстона тақдим кард.