Юлдуз Бозороваи 24-сола сокини ноҳияи Қубодиён бо қарори Суди вилояти Хатлон ба куштор гунаҳкор дониста шуда, 28 сол равонаи зиндон гардидааст. Ӯ тобистони имсол 3 кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд.
Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс”, ӯ бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои а, в, е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста шуд. Манбаъ афзуд, ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва тарафҳо ҳақ доранд ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд.
Ҳодиса шаби 21 июни соли равон рух дода буд. Бозорова як духтари шашмоҳа ва ду писараки 4 ва 5-солаи худро бо корд захмӣ кард. Хадича, тифли шашмоҳа, рӯзи 5 июл дар бемористон фавтид, вале бародаронаш шифо ёфта, рухсат шуданд.
Сабаби чунин амал маълум нест. Ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфта буд, ки дар вақти ҳодиса падари кӯдакон дар хона набудааст ва “ягон низои оилавӣ низ байни онҳо вуҷуд надоштааст”.
Чанд рӯз пештар аз ин ҳодиса зане чор кӯдаки хурдсолашро бо худ ба дарёи Сурхоб партофта буд. Чор кӯдак ба ҳалокат расида, занро зинда аз об берун карда буданд.