Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:1523.09.2025
Юлдуз Бозороваи 24-сола сокини ноҳияи Қубодиён бо қарори Суди вилояти Хатлон ба куштор гунаҳкор дониста шуда, 28 сол равонаи зиндон гардидааст. Ӯ тобистони имсол 3 кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд.
Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс”, ӯ бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои а, в, е (куштор) Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста шуд. Манбаъ афзуд, ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва тарафҳо ҳақ доранд ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд.
Ҳодиса шаби 21 июни соли равон рух дода буд. Бозорова як духтари шашмоҳа ва ду писараки 4 ва 5-солаи худро бо корд захмӣ кард. Хадича, тифли шашмоҳа, рӯзи 5 июл дар бемористон фавтид, вале бародаронаш шифо ёфта, рухсат шуданд.
Сабаби чунин амал маълум нест. Ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфта буд, ки дар вақти ҳодиса падари кӯдакон дар хона набудааст ва "ягон низои оилавӣ низ байни онҳо вуҷуд надоштааст".
Чанд рӯз пештар аз ин ҳодиса зане чор кӯдаки хурдсолашро бо худ ба дарёи Сурхоб партофта буд. Чор кӯдак ба ҳалокат расида, занро зинда аз об берун карда буданд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад