27 ва 25 соли зиндон ба ду бародар аз Панҷакент барои қатли ҳамдеҳаашон дар муҳоҷират дар Русия

Бародарон Соҳибназар Юсупови 33-сола ва Ҷаҳонбек Юсупови 29-сола сокинони деҳаи Киштудаки шаҳри Панҷакент 26-уми марти соли 2021 ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан, бо сабаби талоши объектҳои корӣ бо ҳамдеҳаи худ Баҳром Алиқулов муноқиша карда, ӯро латукӯб намуда, бо корд гулӯяшро бурида, бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонидаанд.

Дар ин бора дар гузориши барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ додаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамон лаҳза Саддам Юсуфзодаи 22-сола, писари амакашон ғайриихтиёр ба амали ҷиноятии онҳо шоҳид мешавад.

Ҷасади Алиқуловро бо гулӯи бурида ва аломатҳои марги маҷбурӣ дар дохили борхалта 28-уми марти ҳамон сол дар канори роҳи нақлиётгарди Хатково-Дмитров, вилояти Москва мақомоти интизомии ФР пайдо кардаанд.

Ҷасади Баҳром Алиқулови он вақт 43-сола. Акс: “Ахбори ВКД”

Баъди муайян шудани шахсияти Алиқулов аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҷасади ӯ ба Тоҷикистон интиқол ва ба хок супорида шудааст.

“Бозгашти гумонбарони эҳтимолӣ ба ватан ба кормандони мақомоти интизомии Русия имкон надод, ки аз рӯи парвандаи бозшуда тафтишотро идома дода, ҷинояткоронро дастгир кунанд”,- мефзояд манбаъ.

Моҳи ноябри соли 2023 мақомоти прокуратураи шаҳри Панҷакент ва шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд ошкор кардаанд, ки гумонбарон ҳамдеҳагони Алиқулов будаанд.

Муайян карда шудааст, ки бародарон баъди содир кардани кирдори ҷиноятӣ, барои пинҳон кардани изи ҷиноят ҷасади Баҳром Алиқуловро ба борхалта гирифта, бо мошини кироя аз ҷойи ҳодиса ба минтақаи дигар бурдаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Соҳибназар Юсупов бо моддаҳои 104 (Одамкушӣ), 244 (Дуздӣ) ва 339 (Тасарруф ва вайрон кардани ҳуҷҷат), нисбати бародараш Ҷаҳонбек Юсупов бо моддаи 104 (Одамкушӣ) ва нисбати Саддам Юсуфзода барои дидаву дониста хабар надодан дар бораи ҷиноят бо моддаи 347-и Кодекси парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда айбдории онҳо дар мурофиаи судӣ исбот шудааст.

“Ба Соҳибназар Юсупов ба муҳлати 27 сол ва Ҷаҳонбек Юсупов 25 сол ҷазо дар коллонияи ислоҳии низомаш сахт ва ба Саддам Юсуфзода ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 сол дар коллонияи низомаш умумӣ таъйин гардид”,- хабар медиҳад ВКД.

Дар гузориш маҳкумшадагон шахсан ҳодисаро шарҳ дода, ба гуноҳи худ иқрор мешаванд.

Skip to toolbar