logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

25 соли зиндон барои марди 67-солае, ки дар қатли духтари 12-солааш гунаҳкор дониста мешавад

Ӯ духтарашро бо гумони дуздӣ латукӯб карда, ба ҳалокат расонидааст.

Your tj

13:1124.02.2023

25 соли зиндон барои марди 67-солае, ки дар қатли духтари 12-солааш гунаҳкор дониста мешавад

Гурез Саидов, сокини ноҳияи Шоҳмансур бо қарори Суди шаҳри Душанбе ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ дар куштори духтари хурдсолаш айбдор дониста мешавад.

Сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.

Гурез Саидов бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” Кодекси ҷиноии кишвар гунаҳгор дониста мешавад. Ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин шудааст.

Гурез Саидови 67  - сола (соли таваллудаш 1956) соҳиби 7 фарзанд аст. Ӯ 28 уми октябри соли 2022 бо мақсади харидорӣ намудани доруворӣ хостааст аз ҷайби костюмаш маблағи пулӣ гирад. Вале 1000 сомониро пайдо намекунад.

Ӯ духтари 12 – солаи худро ба дуздии пул гунаҳкор мекунад. Аз шиддати қаҳру ғазаб ӯро шадидан латукӯб мекунад. Кӯшишҳои ҳамсар ва фарзандони дигараш барои қатъи латукӯб натиҷа намедиҳад. Мард онҳоро низ зада, аз хона меронад.

Дар натиҷа Мадинаи хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

9 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

9 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ