fbpx

25 ҳазору 200 сомонӣ – арзиши хидмати алтернативӣ муайян шуд. Киҳо метавонанд аз ин истифода кунанд

Мо муайян кардем, ки барои супоридани маблағи хидмати якмоҳа даъватшаванда бояд ба куҷо муроҷиат намояд.


0
Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Ҳукумати Тоҷикистон арзиши пардохти маблағ барои хидмати алтернативиро муайян кард. Арзиши имсолаи он ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар аст. Нафари маблағро пардохт карда ба таври ҳатмӣ ба хидмати якмоҳа фаро гирифта мешавад.

Мо муайян кардем, ки барои супоридани маблағи хидмати якмоҳа даъватшаванда бояд ба куҷо муроҷиат намояд.

Ин чӣ навъ хидмати алтернативӣ аст?

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №299 “Дар бораи тартиби адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбарӣ” 30-юми июли соли равон тасдиқ карда шуд.

Мафҳуми хидмати алтернативӣ охири моҳи январи соли равон замони ворид намудани ислоҳот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” ҷорӣ шуд.

Тибқи ислоҳоти нав дар қонун, ҳамаи мардони ба синни даъват расида ӯҳдадоранд ба ватан хидмат кунанд, аз ҷумла магистрон низ, ки қаблан аз хидмат озод буданд. Ҳамчунин онҳое, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо таҳсил кардаанд, ба муддати як сол ба хидмат фаро гирифта мешаванд.

Ҷавононе, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд – ин аст мафҳуми хидмати алтернативӣ.

Арзиши хидмати алтернативӣ чанд сомонӣ аст?

Арзиши хидмати алтернативӣ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст. Як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 60 сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2021 ин маблағ ба 25 ҳазору 200 сомонӣ ё 2,2 ҳазор долларр(бо қурби Бонки миллӣ) баробар аст. Агар ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар кишвар тағйир ёбад, пас арзиши хидмати алтернативӣ низ дигар мешавад.

Киҳо метавонанд аз хидмати ҳарбии алтернативӣ гузаранд?

Ҳама шаҳрвандони ҷинси марди синни даъватӣ, ки барои ба таъхир гузоштан ё озод шудан аз  химати ҳарбӣ имтиёз надоранд ва маблағи муайяншударо пардохт кардаанд, метавонанд хидмати ҳарбии кӯтоҳмуддатро адо намоянд.

Ҷавононе, ки пули хидмати алтернативиро пардохтаанд, вале дар мавсими ҷалб ба артиш ҷой намерасад, дар мавсими дигар ба хидмати якмоҳа мегиранд. То он замон афроде, ки пули хидмати алтернативиро падохтаанд, ба артиш бурда намешаванд.

Дар банди 19 -и қарори ҳукумат чунин омадааст: шаҳрвандоне, ки ба рӯйхатҳо шомил карда шудаанд, аммо тибқи квотаҳо дар муҳлати пешбининамудаи банди 17 -и ин қарор номнавис нашудаанд (ин аз 1-уми апрел то 31-уми май ё аз 1-уми октябр то 30-юми ноябр), дар рӯйихат барои адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи сафарбаркунӣ ворид карда мешаванд ва даъвати онҳо бо навбат дар давраҳои минбаъда амалӣ карда мешавад.

Шумораи роҳхатҳо дар комиссиариатҳои ҳарбии ҳар вилояту ноҳияҳо муайян карда мешавад.

Барои адои хидмати алтернативӣ ба куҷо муроҷиат кунем?

Барои дарёфти квотаи хидмати алтернативӣ Шуморо лозим аст, ки ба комиссиариати ҳарбӣ аз рӯи қайди ҷойи истиқомат, бо дархост муроҷиат кунед. Комиссиариатҳои ҳарбии ноҳияҳо рӯйхати шаҳрвандони муроҷиаткардаро тартиб медиҳанд.

Шуморо ба рӯйхат аз рӯи навбат вобаста аз таърихи додани дархост ва пардохти пурраи маблағ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа тариқи “Амонатбонк”, шомил хоҳанд кард.

Расиди пардохти маблағ дар муддати 5 рӯзи корӣ пас аз қабули дархост аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳия ё шаҳр, дода мешавад.

Агар дар муддати 5 рӯз ба Шумо расид надиҳанд, ин маънои онро дорад, ки дархости Шумо қабул нашудаастт ва метавонанд шуморо ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ баранд.

Дар кадом ҳолатҳо ба Шумо маблағи пардохтшударо бармегардонанд?

Тибқи қарор баргардонидани маблағ дар чунин ҳолатҳо пешбинӣ шудааст:

– Нафарони аз рӯйи вазъи саломатӣ номувофиқ ба хидмати ҳарбӣ. Онҳоро духтур муайян мекунад.

– Дар ҳолати фавти шаҳрванди даъватшуда.

– Ҳангоми пайдо шудани асосҳо барои озод шудан ё ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ. Дар ин бора муфасалтар инҷо бихонед.

Дар дигар ҳолатҳо маблағҳои ба суратҳисоби Вазорати мудофиа интиқол ёфта баргардонида намешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend