247 ҳазор муҳоҷир бояд Русияро тарк кунанд. Тоҷикон метавонанд тариқи кишвари сеюм ба Русия раванд

Русия талаб дорад, ки 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд ба ватанашон баргарданд ва шахсоне ки ягон намуди қонунвайронкунӣ содир накардаанд, ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб оранд. Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, акнун метавонанд тарқи кишвари сеюм ба Русия раванд.

Дар давраи пандемия қисми зиёди муҳоҷирон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргашата натавонистанд. Акнун баъзеи онҳо ӯҳдадоранд, ки то 15 июни соли 2021 аз Русия бароянд. Инчунин нафароне ки муҳлати будубошашон дар Русия ба анҷом расидаасту ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ надоранд, бояд мӯҳлати будубошашонро дар ин кишвар то 30 июн тамдид намоянд.Мо муайян намудем, ки маҳз кадом нафарон бояд ба ватан баргаданд.

Киҳо бояд Русияро тарк кунанд?

Оиди он, ки ИДМ бояд шаҳрвандонашро баргардонад муовини сардори ВКД-и ФР Александр Горовой дар маҷлиси байнипарлумонии ассамблеяи ИДМ эълон кард. Сухан дар бораи 1 млн шаҳрвандони ИДМ меравад, ки то 14 март, яъне то санаи баста шудани марзҳо, ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия ҷойгиранд инчунин аз тарафи онҳо қонуншиканиҳои гуногун содир шудааст. Ин шахсон аз сабаби баста шудани марзҳо натавонистанд ба ватан баргарданд. Ҳоло марзҳо кушода шудаанд ва имконияти баргаштан мавҷуд аст, – иброз доштааст ӯ.

Яъне нафароне ки қонунгузориҳои муҳоҷиратиро дар Русия вайрон намудаанд ва ё онҳоро ихроҷу вурудашонро ба ин кишвар то 14 марти соли 2020 манъ карда буданд, вале онҳо натавонистанд, аз сабаби баста будани марзҳо Русияро тарк намоянд бояд ба ватан баргарданд. Ҳамчунин нафароне, ки дар ҳабс буданду ба озодӣ баромаданд, вале бо сабаи мазкур ин кишварро тарк карда натавонистанд, пас аз кушодашавии марзҳо то муҳлати муайяншуда, бояд ба ватан баргарданд.

Агар ман аз доираи чунин шахсон бошам, вале то 30 июн Русияро тарк накунам маро чӣ интизор аст?

Агар  нафарони дар боло зикр гардида, Русияро тарк накунанд, онҳоро ихроҷ менамоянд ва вурудашон ба ин кишвар манъ мекунанд. Яъне ин нафарон то анҷом ёфтани муҳлати манъи вуруд, дигар наметавонанд ба Русия баргарданд.

Нафароне, ки то 14 марти соли 2020 дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ қарор доштанд, бо онҳо чӣ мешавад?

Шахсонеро, ки то 14 марти соли 2020  дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ зиндагӣ кардаанд, эҳтимол меравад, ки ҳангоми баромад аз ин кишвар, вурудашон манъ карда мешавад.

Агар барои баргаштан ба кишвар маблағ надошта бошем, ба мо мӯҳлати иловагӣ дода мешавад?

Не. Мӯҳлати охирин барои тарки қаламрави Русия 15 июн аст. Аз ин рӯ ҳар муҳоҷире, ки ба гурӯҳи шахсони дар болои зикршуда тааллуқ дошта бошанд, бояд ҳарчӣ зудтар ин кишварро тарк намоянд. Ҳуқуқшиносон тавсия медиҳанд, ки барои баргаштан аз ёру дӯстон кӯмак талабед. Ҳамчунин барои ворид шудан ба Тоҷикистон, ҳар як нафар бояд, маълумотномаи гирифтори коронавирус набуданро дошта бошад.

Ба ғайр аз ин шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ва бо сабаби пандемия мӯҳлати будубошашонро дароз карда натавонистанд. Барои онҳо дар давраи пандемия дароз намудани мӯҳлати будубош, супоридани патенти меҳнатӣ, қайди муҳоҷиратӣ лозим набуд, акнун онҳо бояд то 30 июни соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб дароранд.

Кадом намуди ҳуҷҷатҳо бояд ба тартиб дароварда шаванд?

Ҳоло бояд муҳоҷирон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ва бо сабаҳои гуногун худро дар қайди муҳоҷиратӣ нагузоштаанд, то 30 июни соли ҷорӣ ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳиявӣ ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Русия тамдид намоянд.  Агар Шумо то муҳлати муайяншуда, худро дар қайд нагузоред, ба таври автоматӣ ба рӯйхати шахсоне ки вурудашон ба Русия манъ аст, дохил мешавед.

Кӣ метавонад тариқи кишвари дуюм ба Русия сафар кунанд?

Тибқи қарори нави ҳукумати Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тариқи кишвари сеюм ба Русия раванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, метавонанд ба воситаи кишварҳои дигар ки сарҳадҳояшон бо Тоҷикистону Русия кушодааст, аз 31 марти соли ҷорӣ танҳо бо роҳи ҳавоӣ ба Русия ворид шаванд. Акнун шаҳрвандон метавонанд, тавассути Дубай, Ӯзбекистон, Алма – ато, Тошканд, Истамбул ба Русия раванд.

Малика Сафарзода

Skip to toolbar