Додгоҳи вилояти Свердловск Вероника Наумоваро бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи Далер Бобиеви 6-сола, фарзанди муҳоҷир аз Тоҷикистонро ба 24 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.
Ба иттилои E1.RU, Наумова дар куштор бо аломатҳои бадбинии миллӣ, расонидани зарари вазнин ба солимӣ, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан, ҷалби ноболиғ ба ҷиноят ва қаллобӣ дар гирифтани кумакпулиҳо гунаҳкор дониста шудааст.

Далер Бобиев фарзанди муҳоҷир аз Тоҷикистон буд. Ба иттилои тафтишот, рӯзи 2-юми декабри соли 2022 Вероника Наумова писарбачаи зери парасториашро бо скотч баст, бо қошуқи металлӣ барои пойафзол мезанад ва баъдан ӯро ба ваннаи обаш хунук андохта ғарқ мекунад. Зан пас аз шаш моҳ, 26-уми июни соли 2023 дар бораи гум шудани кӯдак хабар медиҳад. Наумова мегӯяд, ки гӯё кӯдак қаблан низ аз хона мегурехт.
Садҳо сокини маҳаллӣ се рӯз пайи ҳам дар ҷустуҷӯи кӯдак буданд. Аммо дертар маълум шуд, ки ҷасади ӯ тамоми ин муддат дар дохили як борхалта (сумка) дар гаражи иҷоравӣ, дар наздикии хонаи ин зан пинҳон будааст.
Даниил Егольников, ҷияни 21-солаи Наумова бо иттиҳоми ширкат дар шиканҷаи кӯдак ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Моҳи сентябри соли 2024 Александр, шавҳари Вероника Наумова низ бо иттиҳоми шиканҷаи бераҳмонаи ноболиғ ба 5 соли зиндон маҳкум гардид.