24 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 27 корманди ВКД

Сабаби ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо сӯистифода аз мансаб, гирифтани пора, аз ваколатҳои мансабӣ баромадан, садамаҳои нақлиётӣ ва ғ. аст.


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 27 кормандаш 24 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. 

“Сабабу омилҳои ба ҷавобгарӣ кашидани кормандон сӯистифода аз мансаб, гирифтани пора, аз ваколатҳои мансабӣ баромадан, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра мебошад”,- гуфт Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Инчунин баъзе сабабҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти хизматии онҳо алоқамандӣ надорад, афзуд вазир.

Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Душанбе садамаи мудҳише бо иштироки Орзубек Ҳабибзода, бозраси шуъбаи назорати техникии Раёсати БДА, майори милитсия рух дод, ки дар натиҷа чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, бар зидди ин корманди БДА барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги ду ва зиёда шахс шудааст (моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), парвандаи ҷинотяӣ боз гардидааст.

Ин банди қонунгузорӣ аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.