Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0511.08.2023
Вазорати корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 27 кормандаш 24 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
“Сабабу омилҳои ба ҷавобгарӣ кашидани кормандон сӯистифода аз мансаб, гирифтани пора, аз ваколатҳои мансабӣ баромадан, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра мебошад”,- гуфт Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Инчунин баъзе сабабҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти хизматии онҳо алоқамандӣ надорад, афзуд вазир.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Душанбе садамаи мудҳише бо иштироки Орзубек Ҳабибзода, бозраси шуъбаи назорати техникии Раёсати БДА, майори милитсия рух дод, ки дар натиҷа чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, бар зидди ин корманди БДА барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги ду ва зиёда шахс шудааст (моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), парвандаи ҷинотяӣ боз гардидааст.
Ин банди қонунгузорӣ аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
1 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
1 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
4 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
4 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
8 дня назад