200 ҳазор сомонӣ ваъдаи мукофотпулӣ барои ошкор намудани ду ҷиноят

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки барои ошкор намудани ду ҷинояти куштор дар шаҳри Ваҳдат 200 ҳазор сомонӣ мукофот гузоштааст.

Ба навиштаи ин ниҳод яке аз ин ҷиноятҳо шаби 6-ум ба 7-уми декабри соли 2024 рух дода, як сокини ҷамояти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат кушта шудааст.

Куштори дуюм 5-уми декабри соли 2024 сурат гирифта, дар натиҷаи он як сокини дигари ин шаҳр кушта шудааст.

“Барои муайян кардани ҳолатҳо ва боздошти гумонбаршудагон мукофотпулӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ ба шахсоне дода мешавад, ки маълумоти боэътимод ва дақиқ оид ба ин ҷиноятҳо пешниҳод менамоянд”, – омадааст дар хабари ин саҳифа.

Гуфта мешавад шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда кафолат дода мешавад.

Барои тамос рақами телефони (Whatsapp) +992 918-63-33-50 ва почтаи электронии mvduur.tj@gmail.com гузошта шудааст.

Skip to toolbar