logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

19 сол зиндони як сокини Деваштич барои куштори падар

Айбдоршаванда падарашро бо курсии чӯбӣ ва панҷшоха латукӯб кардааст, дар натиҷа ҷабрдида тақрибан панҷ соат пас аз ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Your tj

15:2312.03.2026

Додгоҳи вилояти Суғд Ҷумъабой Сатторқулов, сокини 28-солаи ноҳияи Деваштичро дар куштори падараш Асрорқул Сатторқулови 63-сола гунаҳкор дониста, ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.

Дар ин бора 11 март барномаи «Милитсия хабар медиҳад» иттилоъ додааст.

Тибқи гузориш, ҳодиса 14 августи соли 2025, тахминан соати 19:00, дар манзили истиқоматии онҳо рух додааст. Гуфта мешавад, байни падар, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва писар муноқиша сар задааст.

Ба иттилои мақомот, айбдоршаванда падарашро бо курсии чӯбӣ ва панҷшоха латукӯб кардааст. Дар натиҷа ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои зиёди бардоштааш тақрибан панҷ соат пас аз ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки пас аз воқеа писар барои пинҳон кардани ҷиноят либоси падарашро иваз карда, кӯшиш кардааст марги ӯро ҳамчун афтодан дар ҳолати мастӣ нишон диҳад.

Қайд мегардад, ки ҳамдеҳагон бехабар аз ҳодиса ҷасадро ба хок супурдаанд. Аммо баъдан кормандони милитсия ва додситонии ноҳияи Деваштич пас аз гирифтани маълумоти фаврӣ ҳодисаро таҳқиқ карда, ҷиноятро ошкор намуданд.

Баъди берун овардани ҷасад аз гӯр ва гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ, нишонаҳои марги маҷбурӣ тасдиқ шудааст.

Додгоҳ бо баррасии далелҳои парванда Ҷумъабой Сатторқуловро тибқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои «в» ва «е» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст.

Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир шудааст. Ҳамчунин назари худи маҳкумшуда ё наздиконаш нисбат ба ин ҳукм дастрас нест.

Комментарии (0)

Читайте также

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

3 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

3 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

4 дня назад

SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1

4 дня назад

Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад

5 дня назад