fbpx

18000 соати парвоз бо самолёт. Саргузашти ҳавонаварди тоҷик, ки тақрибан гирди ҷаҳонро гаштааст

Аз рӯзгори ҳавонаварди 80-солаи тоҷик дар авиатсияи гражданӣ.


2
2 points
Охирон акс пас аз парвози соли 2005

Дар фазо парвоз кардан, мисли чизи ғайримуқаррарие набуд, аммо дар аввал тарсе ҳис карда мешуд. Вале парвоз кардан мисли дар мошин савор шуда сафар кардан аз маконе ба ҷойи дигар аст. Вақти парвоз ҳиссиёти аҷибе туро фаро мегирад. Ба худ мегӯӣ, шояд ин парвози охирини мо бошад, чун намедонӣ дар фазо туро чӣ интизор аст…, – нақл мекунад ҳавонаварди тоҷик Қудратулло Ҳакимов.

Имрӯз муаллифи доимии Your.tj Нуралӣ Карим ба хонандагон аз ҳаёти ҳавонавард Қудратулло Ҳакимови нафақир, ки 50 соли ҳаёташро дар авиатсияи граждании Тоҷикистон сарф кардааст қисса мекунад. Ин ҳавонавард ба ӯ дар бораи ҳаёти ҳавоии худ қисса намудааст.

Шароити танги рӯзгор ва эълони “хати ҳаёт”

Қудратулло Ҳакимов соли 1940 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Дар овони дусолагӣ падар ва наздики нуҳсолагӣ модараш аз дунё даргузаштаанд. Пас аз ятим мондан, зиндагӣ барои Қудратуллои ҳанӯз наврас бо апааш оғоз ёфт. Ӯ то синфи ҳафт дар мактаби деҳаашон таҳсил кард ва баъдан ба мактаб-интернатӣ маркази ноҳия рафт. Дар онҷо синфи 10-ро хатм кард.

Бинобар шароити танги зиндагӣ пас аз хатми мактаб-интернат Қудратулло натавонист ба мактабҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорад. Пас ӯ роҳ пеш гирифт сӯйи пойтахт ва муддате дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон буд.

Солҳои ҳавонавардӣ дар ҳавопаймои Як-40 соли 1974

“Дар пойтахт рӯзе аз назди кинотеатри “Ватан” мегузаштам, ки ногоҳ чашмам ба эълоне афтид, ки дар он оид ба таҳсил намудан дар Русия навишта шуда буд. Азм кардам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба он супорам. Баъд ҳуҷҷатҳоямро гирифта назди зане рафтам, ки масъули ҳуҷҷатқабулкунӣ буд. Як ҳафта пас аз комиссияи қабул ва имтиҳонҳо гузаштам. Бо дастгирии бародарам чиптаи қатора харидам ва ба шаҳри Ульяновски Русия сафар кардам. Бо як эълон хати ҳаёти ман тағйир ёфт”, – нақл мекунад, Қудратулло Ҳақимов.

Ҳакимов соли 1961 ба Коллеҷи техникии авиатсионии шаҳри Троистки вилояти Челябинск дохил шуд. Коллеҷро, ки филиали Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании шаҳри Маскав мебошад, соли 1964 хатм кард.

«Бинобар хуб будани таҳкурсии забони русӣ ҳангоми таҳсил дар мактаби олӣ тахминан 30-40%-и калимаҳои устодон бароям фаҳмо буданд. Дар аксарияти фанҳои таълимӣ истилоҳоти соҳаи авиатсия ҷой доштанд ва мушкилити зиёдеро ба бор меоварданд. Бо мурури вақт, бо машаққате луғатҳои соҳавиро аз худ кардам ва мушкилоти фаҳмиши истилоҳоти соҳа аз байн рафт», – мегӯяд, Ҳакимов.

Пеш аз парвоз дар назди ҳавопаймо

Ба нақли собиқадори авиатсия Қудратулло Ҳақимов даврони донишҷӯӣ барои лётчикони оянда бештар дар фурудгоҳ мегузашт. Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ толибилмон бо хонаи ҳавопаймоҳо ва қисмҳои даруниву берунии онҳо шинос мешуданд.

Лётчики 24-сола дар фазои ҷамоҳири Шӯравӣ

Пас аз хатми мактаби олии авиатсия, соли 1964 ҳавонаварди 24-сола ба Ватан бармегардад ва дар авиатсияи тоҷик кори худро шурӯъ мекунад. Дар оғоз лётчики ҷавон тариқи ҳавопаймоҳои хурд ба майдони пахтазори колхозҳои кишвар дору мепошид.

«Аз оғози парвоз дар тайёра то ба нафақа баромадан ман 37 соли ҳаётамро дар фазо гузаронидам, аниқтараш 18000 соат дар парвоз будам. Ба тамоми шаҳрҳои ҷамоҳири Шӯравӣ аз Душанбеву Тошкенту Алмато то Маскаву Ленинграду Киеву Рига парвоз анҷом додаам. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ хати парвозамон ба кишварҳои дигари ҷаҳон кушода шуд. Баъд ман ба шаҳри Ленинград ба Академияи авиатсияи гражданӣ, ҳоло Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербург, як моҳ барои омӯзиши забони англисӣ оид ба авиатсия рафтам. Зеро дигар бо забони русӣ дар фазо парвоз кардан ғайриимкон буд”. – қисса мекунад, щавонаварди нафақагир Қудратулло.

Як-40

Баъд аз ин Ҳақимов 10 соли дигар дар фазои кишварҳои қитъаи Авруосиё парвоз кард. Ӯ ба шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Ҳамадон, Шероз, Табер, ҷазираи Киши Эрон, Дубайи АМА, Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Қарочии Покистон, Истамбули Туркия, Урумчии вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин, Франкфурт-на-Майн ва Мюнхени Олмон парвоз анҷом додааст.

Муҳандиси парвоз дар ҳавопаймои Як-40, Ил-18, Ту-134 ва Ту-154

Қудратулло Ҳақимов аз1969 то соли 2005 дар 4 навъи ҳавопаймо – Як-40, Ил-18, Ту-154 ва Ту-134 ба ҳайси муҳандиси парвоз (бортинженер – BI) фаъолият карда аст. Инчунин барои омӯзиши ҳавопаймоҳои нав солҳои 1977, 1980 ва 1981 дар Мактаби олии авиатсионии авиатсияи граждании шаҳри Ульяновск, ҳоло Институти авиатсияи граждании Ульяновск ба номи сармаршали авиатсия Б.П.Бугаевба таҳсили чор моҳина сафар намудааст.

Ту-154

Ӯ дар ҳаяти экипаж вазифаи муҳандиси парвозро ба дӯш дошт. Ҳаяти экипаж дар Як-40 3 нафар, Ил-18 5 нафар, Ту-134 4 нафар ва Ту-154 4 нафар буд. Кори Қудратулло Ҳакимов ҳамчун узви ҳайати парвозии як киштии ҳавопаймо назорат ва идоракунии системаҳои гуногун ҳангоми парвоз буд.

Ту-134

Ӯ бо фармони фармондеҳ муҳаррикҳо, таҷҳизоти фуруд, механикаи қанотҳо ва системаҳои ҳавопайморо идора мекард. Хатоиҳои ҳавопайморо, ки ҳангоми парвоз ба амал меоманданд, мувофиқи дастури парвози навъи ҳавопаймо, бартараф мекард ва ба командир дар бораи корношоямӣ ва нокомии таҷҳизот дар парвоз хабар медод. Инчунин назорати ҷойгиркунӣ, бехатарии мусофирон ва бағоҷи онҳо дар тайёра ба уҳдаи Қудратулло буд.

Аз кор мондани муҳаррики аввали самолёт

Касби ҳавонаварди аз мушкилтарин пешаҳост, ки бо каме иштибоҳ ҳаёти садҳо нафар дар фазо зери суол мемонад. Дар баробари мушкилиҳои зиёди касб Қудратулло Ҳакимов дорои дараҷаи олии муҳандиси парвоз дар авиатсияи гражданӣ аст.

Акси соли 1978 замони ҳавонаварди дар Ил-18

«Солҳои 1973-1974 тариқи ҳавопаймои Як-40 аз рӯйи хатсайри Самарқанд – Душанбе парвоз анҷом медодем. Як-40 се муҳаррик дорад ва ҳангоми аз хати парвоз боло рафтан стартёри ҳавоии муҳаррики якум пароканда шуда аз кор монд. Бинобар ин мо наметавонистем, ки ҳавопайморо боздорем, чун аллакай тибқи қоида аз хати ахири парвоз хеста будем. Дар ҳавопаймо ҳайати экипаж 3 нафар – командир, халабони дувум ва муҳандиси парвоз ва 32 мусофир қарор доштем. То омодани мо аллакай кормандони ёрии таъҷилӣ ва оташфишонон дар ҳолати омодабош қарор доштанд. Пас аз наздик шудан ба фурӯдгоҳи Душанбе мо ҳавопайморо дар хати таъҷилии фурудоӣ шинонидем. Барои беосеб расонидани мусофирон ба ҳайати экипажи мо ифтихорномаву мукофотпулӣ доданд”, – бо завқ нақл мекунад Қудратов.

Қудратулло Ҳакимов дар назди жигули

Замони нафақа ва оилаи ҳоҷи Қудратулло

Вақте соли 2005 дар фурӯдгоҳ ҳавопаймоҳои нав – Boeing ва Airbus парвозро шурӯъ мекунанд, Қудратулло Ҳакимов аз 9-уми март ба кори заминӣ гузашт. Чун дар аксари намудҳои ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Boeing 737, Boeing 767 ва Airbus A320 кабинаи ҳавопаймо барои кор бо экипажи иборат аз ду нафар – ду халабон бидуни муҳандиси парвоз (бортинженер – BI) пешбинӣ шудааст.

Баъдан ӯ то соли 2014 дар авиатсияи тоҷик ба ҳайси муҳандиси пешбар, диспетчери мутамарказонии ҳавопаймо ва устоди дарсдиҳанда барои стюардессаҳо кор кардаст.

Ҳоҷӣ Қудратулло дар маросими Ҳаҷ-1999 болои кӯҳи Ҷабали Савр

Аз фарзандон духтари калониаш Гулнора роҳи падарро интихоб намуда дар Донишгоҳи миллии ҳавопаймоии шаҳри Киеви Украина таҳсил карда, айни замон ба ҳайси муҳандис дар ширкати «Somon Air» фаъолият мекунад. Духтари хурдиаш Дилбар муҳассили факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва дар Филлиали Донишгоҳи милли тадқиқотии технологӣ “МИСиС” дар шаҳри Душанбе дарс мегӯяд. Чор наберааш низ маълумоти олӣ дошта дар ҷойҳои гуногун кор мекунанд.

Қудратуллои 80 сола аз аз пайи ин пеша соҳиби хона, оила, худрав ва насиби зиёрати хонаи Худо низ шудааст. Ҳоло ӯ ҳамчун собиқадори соҳаи авиатсияи граждании тоҷик дар иҳотаи наберагон давлати пириро паси сар мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend