Тақдими хона ба Шавкат Раҳимов аз ҷониби раиси шаҳр
Имрӯз, 14-уми ноябр, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Шавкат Раҳимов, муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс) барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF калиди хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Раҳимов дар шаҳри Абу Дабӣ-пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб намуда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик, унвони қаҳрамонии IBF-ро соҳиб гашт.
18,6 сол ҳукми зиндон барои қатли хушдоман
Миҷгона Бегматова, сокини ноҳияи Хуросон барои куштори хушдоманаш бо қарори Суди вилояти Хатлон ба муддаати 18 солу 6 моҳ ва дугонаи ӯ Мадина Нурмаҳмадзода 17 солу 6 моҳ ҳукми зиндон гирифтаанд. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ Миҷгона Бегматова ва Мадина Нурмаҳмадзода, ҳарду сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон шаби 2-юми майи соли 2022 бо кӯрпа Г. Бобокалонова, хушдомани Миҷгона Бегматоваро буғӣ карда, дар назди наберааш куштаанд.
Манбаъ гуфтааст, онҳо баъди куштор ба ҳуҷраи дигари марҳум, даромада, “аз дохили он маблағи 220 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи Бобокалонова Г.А.-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Муфаттишон гуфтаанд, Миҷгона Бегматова се кӯдак дошта, ҳангоми дар Русия будани шавҳар дар хонаи хусуру хушдоман мезист.
Ба иттилои манбаъ, байни онҳо пайваста муноқиша рӯй медодааст, ки ин сабаби куштор шудааст.
Ҳукми суд охири моҳи сентябри имсол содир шуда, Миҷгона Бегматова ва Мадина Нурмаҳмадзода бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 бандҳои “е, з”) ва дуздӣ (моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г”) гунаҳкор ва бо ҳукми Суди вилояти Хатлон Бегматова 18 солу 6 моҳ ва Нурмаҳмадзода 17 солу 6 моҳ зиндонӣ шуданд.
Куштори хушдоман аз сӯи келин дар Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда, чанде пеш ҳам Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Фозила Салимоваи 22-сола, як сокини Душанберо барои қатли хушдоманаш Зиннатбибӣ Носироваи 58-сола 2 сол равонаи зиндон карда буд.
Суд ин парвандаро бо моддаи одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ баррасӣ кард, ки наздикони ҷабрдида аз он розӣ нестанд. Онҳо даъво доштанд, ки келини хонадон бо бераҳмии хос ва дар ҳолати ороми рӯҳӣ хушдоманашро ба қатл расонидааст.
Содир Жапаров: “Масъалаҳои марзӣ бояд бо роҳи сулҳомез ҳал шаванд”
Содир Жапаров, президенти Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ дар Самарқанд бо ишора ба баҳсҳои марзӣ дар минтақа таъкид кардааст, ки ин масоил бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шавад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Дар ҷаласаи СКТ ӯ гуфт, ки Қирғизистон танҳо дар муайянсозии марзҳои ҳудудӣ бо Тоҷикистон ва Узбекистон мушкилот дорад.
“Ман бори дигар таъкид мекунам, ки ҷониби Қирғизистон аз мавқеъи худ дар мавриди баҳси марзӣ тавассути муколамаи сулҳомез ва сиёсӣ-дипломатӣ ҳимоят мекунад”, – гуфт президенти Қирғизистон.
Дар охир вай ба ҳамкории зич дар ҳалли баҳсҳои марзӣ миёни ҷонибҳо изҳори умедворӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи сентябр вазъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ шуд: ҷонибҳо ҳамдигарро ба ноором кардани субот муттаҳам карда, аз тирборон шудани рустоҳои наздимарзӣ хабар доданд.
Аз 14 то 16 сентябр задухӯрдҳои фаъол идома ёфта, маҳалҳои аҳолинишини вилоятҳои Исфара ва Ғафурови вилояти Суғд ва Лахши Тоҷикистон, инчунин ноҳияҳои Бодканд ва Лейлеки вилоятҳои Бодканд ва Оши Ҷумҳурии Қирғизистон зери даргириҳои мусаллаҳона қарор гирифтанд. .
Дар давоми рӯз аз оғози авҷ гирифтани низоъ тарафҳо борҳо ба тавофуқи оташбас расиданд, аз ҷумла ин дар сатҳи президентҳои ду кишвар баррасӣ шуд, аммо ҳар бор ин мувофиқаҳо вайрон мешуданд.
Тавре расонаҳо қаблан хабар дода буданд, аз ҷониби Тоҷикистон 41 нафар ба ҳалокат расида, 204 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти Қирғизистон аз 63 кушта ва даҳҳо захмӣ хабар доданд.
Дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ду кишвар дар мавриди аломатгузории 460 километри марз ба мувофиқа нарасидаанд, ки ин боиси низоъ миёни сокинони маҳаллӣ мешавад.
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ таҳти раёсати президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуда, мавзӯи он “Даври нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи пешрафти муштарак ва шукуфоӣ” буд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд. Масъалаҳои таҳкими робитаи мутақобила ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Ба таҳияи механизмҳои самарабахши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаи илму маориф, технология ва инноватсия таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст.
Дар мулоқот сарони Узбекистон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, инчунин сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ва раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов (ин ду кишвар мақоми нозир дар СКТ доранд) ширкат доштанд.
Барқияи изҳори тасаллӣ ба президенти Туркия
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар робита ба ҳалок ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид”.
“Таъзия ва таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки дар пайи таркиши бомба, ки шаби 13-уми ноябр дар маркази шаҳри Истамбул рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ба ин ҳодиса як зане даст доштааст, ки бастаи бомбадорро дар роҳи пиёдагузари серодам гузоштааст.