logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"16 зарби корд заду бо бензин оташ зад". Боздошти як ҷавон бо гумони куштори дӯстдоштааш

Ҷавони 20-солаи ноҳияи Зафаробод бо гумони куштори арӯсшавандаи 19-солааш дастгир шудааст.

Your tj

11:5310.09.2025

"16 зарби корд заду бо бензин оташ зад". Боздошти як ҷавон бо гумони куштори дӯстдоштааш

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр хабар дод, ки ҳодисаи мазкур 5-уми сентябр рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда бинобар сабаби рад намудани хостгорӣ аз ҷониби волидони духтар, "аз ҳиссиёти рашк" дӯстдоштааш ҷавондухтари 19-солаи сокини ноҳияи Зафарободро бо мошини шахсиаш ба самти номаълум бурда, дар дохили автомашинаи мазкур бо 16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ зарба задааст.

Ба навиштаи ВКД пас аз ин ҷавон “бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардан” духтарро бо “бераҳмии махсус кашола намуда” ба дохили як бино нотамоми деҳаи Логин дароварда, бо бензин оташ задааст.

Дар натиҷа духтар ба ҳалокат расидааст.

Назари худи ҷавон, наздикони ӯ ва наздикони духтари кушташуда маълум нест.

Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ то бисту панҷ соли зиндон ё ҳабси якумраро муқаррар кардааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ