16-уми июн дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешавад

Имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба назорати кӯдакону наврасон вақти “идгардак” ҷалб намоянд


Намоз дар масҷиди нави  Тоҷикистон

Акс аз интернет

Дар Тоҷикистон Иди Қурбон 16-уми июн таҷлил карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи дин дар асоси хулосаи Шӯрои уламо хабар дод.

Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6-00 баргузор мегардад.

“Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд”, – омадааст дар хабар.

Қаблан нашрияи “Садои мардум” хабар дода буд, ки тибқи тағйирот ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” “идгардак” манъ мешавад.

Қонун рӯзи 19-уми июн дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.