logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

16-уми июн дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешавад

Имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба назорати кӯдакону наврасон вақти “идгардак” ҷалб намоянд

Your tj

12:5611.06.2024

16-уми июн дар Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешавад

Дар Тоҷикистон Иди Қурбон 16-уми июн таҷлил карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи дин дар асоси хулосаи Шӯрои уламо хабар дод.

Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6-00 баргузор мегардад.

“Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, инчунин назорати кӯдакону наврасон аснои “идгардак” ҷалб намоянд”, - омадааст дар хабар.

Қаблан нашрияи "Садои мардум" хабар дода буд, ки тибқи тағйирот ба Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” "идгардак" манъ мешавад.

Қонун рӯзи 19-уми июн дар ҷаласаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

22 часов назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

4 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

7 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

7 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ