Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:2726.05.2025
25-уми май, муштзанҳои то 22-солаи тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка бо 16 медал ба Ватан баргаштанд.
Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони ниҳодҳои варзишӣ, дӯстону наздикон ва мухлисон пешвоз гирифтанд.
Муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқа, ки аз 12 то 24-уми май бо ширкати 232 варзишгар аз 23 кишвар доир шуд, 3 медали тило, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Медалҳои тилоро Алишерихудо Холов (71 кг), Абубакр Ғафуров (75 кг) ва Анӯшервон Фозилов (54 кг) соҳиб шуданд. Ҳамчунин Абубакр Ғафуров ҳамчун беҳтарин муштзани ҷавонони Осиё эътироф гардид.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
10 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
10 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад