1500-1800 сомонӣ: Маблағи обунаи газета, андози замин ва дигар хароҷоти деҳқонони анорпарвар

Хоҷаев Рустам соҳиби маълумоти олӣ буда, имрӯз ба касби анорпарӣ машғул аст. Ӯ яке аз анорпарварони маъруфи ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликул) бо анорпарварӣ ном бароварда буд ва аз ин ноҳияи Тоҷикистон қариб ба ҳама минтақаҳои собиқ ИҶШС  анор содирот мегардид.

Муаллифи Your.tj ҳафтаи қабл ба ноҳияи Дӯстӣ сафар карда бо кору фаъолияти деҳқонону боғпарварони ин минтақа шинос шуд. Қаҳрамони имрӯзаи мо яке аз анорапарварони машҳури ноҳия Хоҷаев Рустам, сири боғу боғдориашро ба мо қисса мекунад.

Маоши нокифоя

“Пас аз хатми донишгоҳи олӣ аз рӯӣ тахассусам-сармуҳосиб ба кор даромадам. Вақтҳои холигиямро бошад ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои анори назди ҳавлӣ ва шуғли кишоварзӣ мегузаронидам. Замоне эҳсос кардам, ки танҳо бо маоши давлатӣ зиндагиро пеш бурдан каме мушкил аст, бинобар ин ба касби падарӣ бештар таваҷҷуҳи зиёдтар кардам. Аз ин кор даромади хуб мегирам, акнун дар замини назди ҳавлиам танҳо ниҳоли анор парвариш мекунам”, – мегӯяд анорпарвар.

Касби меросӣ

Одатан дар рустоҳо хурдсолон дар корҳои  кишоварзӣ ва боғдорӣ ба калонсолон ҳамроҳ шуда ёрӣ мерасонанд. Амаки Рустам, аз рӯзе ки худро дар ёд дорад, ба анорпарварӣ машғул аст. Ин кор ба ӯ аз падару бобояш мерос мондааст. Ӯ аз ҳама нозукиҳои парвариши анор бохабар аст, ба қавле забони дарахти онро медонад, ки ҳама сола аз ин ҳисоб даромади хубе ба даст меорад.

“Хеле хуб дар хотир дорам, ки чи гуна падарам бо эҳтиёт “нофаки” ҳар як анорро тоза менамуд, ё ҳангоми чидани анор хеле бодиққат мешуд, то ба бадани анор хоре нахалад ва намегузошт, то аноре ба замин афтад”, – ба ёд меорад Бобои Рустам.

Маҳз аз рӯйи ҳамин меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳи зиёд онҳо аз 10 сотиқ замини назди ҳавлигияшон ҳама сола наздики 4-5 тонна ва баъзан бештар аз ин анор ҳосил мегирифтанд. Ҳосил чунон зиёд мешуд, ки ҳатто дар анборҳо низ намеғунҷид. Онҳо анорро дар қуттиҳои чӯбин бо чӯбрезаҳо (опилка) ҷо ба ҷо гузошта ба фурӯш мебароварданд. Ҳатто баъзан анорҳоро ба шаҳрҳои гуногуни Ӯзбекистон аз ҷумла Самарқанд барои фурӯш мебурданд.

“Як ниҳол то 30 – 35 сол ҳосил медиҳад”

Ҳангоме ки дар давраи истиқлолият, барои деҳқонон шароити озоду мусоид фароҳам меояд, бобои Рустам, бо аҳли хонаводааш, дар ҳаҷми як гектар хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуда, ба парвариши анор машғул мешаванд. Парвариш ва фурӯши анор, кори даромаднок аст, лекин аз деҳқон, таваҷҷуҳи хоса ва заҳмат талаб мекунад.

Акс аз сомонаи 7dach.ru

“Бешак ягон кор бе мушкилӣ пеш намеравад, парвариши анор низ аз он ҷумла. Лекин меҳнат, ки кардӣ роҳаташро албатта мебинӣ.

Нарм кардани атрофи дарахтон, тоза кардани онҳо аз шохчаҳои зиёдатӣ, саривақт бо об таъмин кардани ниҳолҳо, тозакардани “нофак”-и анор, бо эҳтиёт ҷамъоварии ҳосил аз нозукиҳои асосии анорпарварӣ маҳсуб меёбад. Мешаванд ҳолатҳое, ки дастонат аз хори ниҳолҳо хуншор мешаванд, ё ҳангоми чидани ҳосил аз болои зинапоя ё дарахт меафтӣ ва ё аз  хастагии зиёд кор ба ҷонат мезанад, вале сабр кардан лозим”- таъкид мекунад ӯ.

Муҳим аз ҳама дар соҳаи боғдорӣ интихоби навъи ниҳол будааст. Агар боғдор дар интихоби ниҳол хато накарда, заминро бо нуриҳои табии (пору) таъмин сохта хуб талош кунад, ниҳолҳои шинонидаи ӯ дар соли сеюм ба ҳосил додан шурӯъ мекунанд. Алакай дар соли чорум-панҷум аз ниҳолҳо анорҳои калону хушлаззат гирифтан имконпазир мегардад. Ба фарқ аз дигар меваҳо умри дарахти анор нисбатан зиёдтар  будааст. Як бартарии дигари соҳаи анорпарварӣ дар он аст, ки аз як ниҳол то 30 – 35 сол ва баъзан аз ин ҳам бештар ҳосил гирифтан мумкин будааст.

Қисме аз ҳосили ғундоштаи Рустам Хоҷаев

Боғдорӣ сердаромадтарин соҳаи фаъолият аст

Парвариши анор оилаи Хоҷаевҳоро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз гуруснагӣ наҷот дод. Тамоми ҳосили анорро бо орд иваз карда, зиндагиашонро пеш мебурдаанд. Ҳатто, аз ноилоҷӣ пӯсти анорро дар зери шӯъои офтоб хушк карда, ба ҷои чойи хушк истифода мебурданд. Имрӯз қаҳрамони мо зиндагиашро аз фоидаи фурӯши анор пеш бурда истодааст.

“Барои 1 гектар замин, боғдор 1500 – 1800 сомонӣ сарф мекунад, ки ба он пули обунаи газета, андози замин ва дигар хароҷот дохил мешаванд. Аз харҷаш дида ба ҳар ҳол фоидааш зиёд аст. Аз ҳар гектари замин агар ҳосили хуб гирӣ, 25 – 30 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорӣ. Инчунин, алафи боғро як соли дароз ҳамчун хӯроки чорво истифода мекунем, шохчаву навдаҳои хушк шударо бошад ҳамчун ҳезум” – мегӯяд амаки Рустам.

Қиссаи як тоҷири ғалатӣ

Дар ҳаёти анорпарварон низ воқеаҳои ҷолиб рух медиҳанд, ки яке аз онҳоро амаки Рустам ба мо нақл кард.  Соли 2000 тоҷире аз Душанбе бо мошини орд ба деҳаи анорпарварон омадааст. Ӯ ордро бо анор иваз кардан хостааст.

“Шумо ордҳоро чун пешпардохт бигиреду ҳосили анорҳоро ба ҳеҷ кас нафурӯшед. Ман чанд ҳафта баъд омада онҳоро бо нархи баланд мехарам. Мо ҳам розӣ шудему чор лимча ордашро гирифтем. Бо ҳамин маслиҳат ба чанд ҳамсояи дигарамон низ орд дод у баъдан ба шаҳр рафт.

Аз байн як моҳ, ду моҳ , ҳатто се моҳ гузашту аз тоҷир нишоне набуд. Ҳаво ҳам оҳиста-оҳиста хунук шуд, анорҳо як-як ба вайрон шудан оғоз карданд. Ордҳои додаи тоҷир низ қариб ба охир расида буд. Зимистони сард он тоҷири ғалатӣ пайдо шуд. Омадан замон ҳама бо ӯ ҷангҷол кардем. Чун аз се моҳ бештар ӯро интизор шуда як қисми ҳосилро аз даст дода будем. Бо замми ин он тоҷир даъво дошт, ки пули ордҳоро диҳем ва ӯ анор намегирад. Баҳс чунон вазнин шуд, ки қариб даст ба гиребон мешудем. Билохира ба мақомоти марбута тамос гирифтему аз шарраш халос гардидем”,- бо завқ нақл мекунад амаки Рустам.

“Ҳосили имсола онқадар хуб набуд…”

Аз гуфтаҳои боғдор Рустам Хоҷаев маълумамон гашт, ки имсол ҳосили анор наонқадар хуб будааст. Аз сабаби сард омадани баҳори имсола баъзе дарахтҳоро сармо задааст ва боришоти пай дар пай гули аввали ниҳолҳоро аксаран резонидаанд, вале бо замми он хоҷагии деҳқонии онҳо зарар надидааст, танҳо фоидаашон имсол нисбат ба солҳои дигар камтар гардидааст. Ба камҳосил омадани сол нигоҳ накарда амаки Рустам аз рӯӣ анъанае, ки аз падараш омӯхтааст як қисми ҳосили бадаст омадаро ба хешу табор, дӯстон ва ҳамсояҳо тақдим намудааст. “Ин як анъана аст, аз ҳосили ғундошта як қисмеро ба қишри ниёзманд тақдим мекунанд, то соли оянда ҳосили хоҷагӣ бобаракат шавад. Ин амалро дар ҷойҳои мо “ушри замин” меноманд”, – мегӯяд амаки Рустам.

Қаҳрамони мо аз шикоят дорад, ки “болои сухта намакоб” тоҷирон анорро имсол хеле арзонтар баҳогузорӣ кардаанд ва аз онҳо бо нархи арзонтар харидорӣ намудаанд. “Онҳо мехоҳанд анорро бо қиммати 2,5-3 сомонӣ аз мо харида бо нархи гаронтар дар бозорҳо ба фурӯш бароранд. Анорҳоеро, ки аз мо то 3 сомонӣ харидорӣ мекунанд аз 6-7 ва баъзан аз 10 сомонӣ кам намефурӯшанд. Бо ин ҳисоб онҳо аз деҳқонон дида бештар фоида мебинанд.” – мегӯяд анорпарвар.

Хоҷаев Рустам, ки худ корманди давлатӣ аст, пайваста ба ҷашну маросимҳо ва намоишҳои (виставкаҳои) гуногун ҳосили боғашро ба намоиш мефиристад. Талош дорад, ки аз дигар боғпарварони соҳибтаҷриба чизи наве омӯхта, дар таҷриба истифода барад. Мегӯяд хуб мешуд, ки барои боғдорон ва кишоварзон низ семинарҳои гуногун гузаронида ба онҳо бештар маълумоти назариявӣ диҳанд. Ин кор ҳам ба фоидаи деҳқон ва ҳам ба фоидаи давлат аст.

Исмоилҷон Маликов барои YOUR.tj

Skip to toolbar