fbpx

150 зиндонии тоҷикро дар Русия барои иштирок дар ҷанг маҷбурӣ номнавис кардаанд

Онҳо дар мактубе ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия вазъро шарҳ додаанд, сафорат гуфтааст, маълумотро тафтиш мекунад.


0
Зиндониёни тоҷикро дар Русия маҷбур мекунанд ки ба ҷанги Украина раванд
Акси марбута аз интернет

Гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик, ки дар маҳбаси рақами 4-и шаҳри Медини вилояти Калуга қарор доранд, хабар додаанд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, то бо Вазорати дифои Русия ба созишнома дар бораи фиристодан ба ҷанги Украина имзо кунанд. Ба иддао онҳо 150 зиндонии тоҷик метавонанд ба ҷанг фиристода шаванд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи яке аз маҳбусон, ин дафъа на фармондеҳони ширкати хусусии низомии “Вагнер”, балки намояндагони Вазорати дифои Русия ба зиндон омадаанд. Ба гуфтаи ӯ “вохӯрӣ” рӯзи 11-уми август ташкил шудааст.

Маҳкумшудагонро маҷбур мекунанд, ки барои ба ҷанг рафтан бо Вазорати дифои Русия шартнома банданд.

Маҳбусони тоҷик эҳтимоли ҳафтаҳои наздик ба ҷанги зидди Украина фиристода шуданашонро таъкид карда, аз мақомоти Тоҷикистон ҳимоят мехоҳанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 17-уми август гуфт, аз як маҳбуси зиндони Калуга дар бораи маҷбур кардани маҳкумшудагон ба бастани қарордод бо Вазорати дифои Русия мактуб гирифтаанд.

“Кормандони мо ин маълумотро тафтиш мекунанд”,- афзуд сафорат.

Ҷалби маҳкумшудагон барои ширкат дар ҷанги Украина беш аз як сол пеш оғоз шуда буд. Муассиси “Вагнер” Евгений Пригожин пас аз он шахсан ба як қатор зиндонҳои Русия рафт, то маҳбусонро ба сафи сарбозони зархариди худ барои иштирок дар ҷанг бо Украина ҷалб кунад.

Гуфта мешавад, ки тасмим дар бораи ҷалби зиндониён пас аз талафоти ҷиддии артиши Русия дар набардҳо бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина гирифта шудааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми август гуфт, Русия тақрибан 100 зиндонии тоҷикро барои ҷанг дар Украина фиристодааст, аммо шумораи умумии тоҷикистониёни дар ҷанг иштирокдоштаро ифшо накард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend