fbpx

150 ҳазор сомонӣ қарздор будааст. Сабаби худкушии корманди Амонатбонк

Ғиёсиддин аз шахсони номаълум 150 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.


-2
-2 points
Акс аз сомонаи Азия-Плюс

Шаби 4 ба 5 октябр ҷасади ба дор овезони Ғиёсиддин Аюбзодаро шаби  аз утоқи кориаш ёфтанд.  Ӯ хазинабони филиали “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ буд.

Мақомот то ҳол расман дар бораи марги ин ҷавон чизе нагуфтаанд, аммо наздиконаш  мегӯянд, ки худкушии Ғиёсиддин  баҳси оилавӣ рабте надорад.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки писараш пеш аз марг як номаи чорсаҳифагӣ гузоштааст. Хуҷов ҷузъиёти номаро ифшо накард, вале ишора кард, ки “касони гунаҳкор дар марги писараш аз рӯйи қонун ҷазо мебинанд”.

“Дар нома ба маънои қарзи маблағ ҳам чанд ҷумла зикр кардааст. Аммо ин ба ман рӯшан нест, ки кадом қарз. Қаблан ҳамдеҳагон аз кори писарам боре ҳам шикоят накарда буданд. Ӯ маблағро худаш ба деҳа меовард, ҳамаи бадбахтӣ аз ҳамин сар зад”- гуфт падари Ғиёсидин.

Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, додситони ноҳия тафтишотро оғоз кардааст.

“Ӯ бо мардум муносибати хуби корӣ дошт. Атрофи мушкилоташ боре ҳам сухан накарда буд. Аз мушкили дигараш мо хабар надорем, худаш медонад. Музди меҳнат, нафақаро ҳар моҳ сари вақт тақсим мекард, ҳеҷ мушкил набуд”, – таъкид кард раиси ҷамоат.

Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии “Амонатбонк” дар ноҳияи Айнӣ мегӯяд, марги кормандаш ба муносибати корияш  рабте надорад. Ӯ овозаҳоро атрофи он, ки гӯё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, беасос хонд. Мудири бонк низ номаро хондааст ва мегӯяд, инҷо гап сари 150 ҳазор сомонӣ меравад.

“Ман номаро хондам, дар он шикоят аз кормандони бонк нест. Дар ин нома гуфта шудааст, ки аз як одам 150 ҳазор сомонӣ бо фоиз пул гирифтааст. Он рӯз он нафарон пуле, ки барои нафақа буд, аз ӯ гирифтаанд ва ҳоло қисме аз он маблағ боқӣ мондааст. Ин зиёнро бояд он одамоне, ки маблағро аз ӯ гирифтаанд, барқарор кунанд”, – гуфт Мерганов.

Ғиёсиддин Аюбзода 27 сол дошт ва соҳиби 3 фарзанд – як писар ва ду духтар буд. Ӯ ягона писар дар хонавода буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
5
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend