logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

14 медали Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА

Бо 6 медали тило, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ тими Тоҷикистон дар мусобиқа сазовори ҷои 2-ум шуд.

Your tj

14:0711.11.2024

14 медали Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА

Тими мунтахаби Тоҷикистон TAJMMAF дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ММА, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор гардид, соҳиби 14 медал шуд.

Бо 6 медали тило, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ тими Тоҷикистон дар мусобиқа сазовори ҷои 2-ум шуд.

Ҳамин тариқ, Ёқубҷон Сафаров 56,7 кг, Масъуд Одинаев 74,8 кг, Қосим Сардоров 83,9 кг – 20+ сола ва Сайалӣ Камолов 52,2 кг, Баракатулло Асадуллоев 56,7 кг, Иброҳим Раҳимзода 70,3 кг – 18-20 сола соҳиби медалҳои тило шуданд.

Медалҳои нуқраи мусобиқа бошад, насиби Беҳрӯз Хуршедзода 70,3 кг – 20+ сола ва Шаҳзод Одилзода 61,2 кг, Ҷамшед Неъматов 74,8 кг – 18-20 сола гардид.

Шоҳҷаҳон Каримов 52,2 кг, Шоймард Абдулназаров 65,8 кг, Ҷовидон Маҳмудов 79,4 кг, Абдулло Абдуллоев 88,4 кг – 20+ сола ва Мустафо Алибеков 83,9 кг – 18-20 сола медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Ҷои аввал насиби мизбони майдон (7 тилло, 5 нуқра ва 18 биринҷӣ) Ӯзбекистон гардид.

Бояд қайд кард, тими мунтахаби Тоҷикистон – TAJMMAF дар мусобиқа танҳо бо мунтахаби ҷавонписарон баромад кард ва аз рӯи ҷамъи медалҳо миёни ҷавонписарон ҷои аввалро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Тошканд 5 ноябри соли равон интихоботи президенти Федератсияи осиёии ММА (WMMAF) баргузор шуд, ки дар он қарори якдилона Даврон Ҷӯраев, ки қаблан муовини аввали президенти AMMAF буд, президенти нави AMMAF интихоб шуд.

Ба ҳайати шӯрои директорони федератсия намояндагони Баҳрайн, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дохил шуданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ