Танҳо дар Ворух 13 нафар аз тири низомиёни қирғиз кушта шуданд. 12 нафари онҳо ҳарбиён буда, як нафар аз сокинони осоишта аст. Ҳамчунин 72 нафар дар Ворух захмӣ шудаанд, ки дар байнашон аҳолии осоишта низ зиёд аст.
Дар ин бора аз беморхонаи ҷамоати Ворух хабар доданд.
Қаблан Радиои “Озодӣ” бо иттилоъ аз манобеи гуногун хабар дода буд, ки 39 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзӣ кушта шудаанд. Дар миёни онҳо аз низомиён ва аҳолии осоишта, аз ҷумла кӯдакон ва зани ҳомила ном бурда шудааст.
Инчунин, дар хабари дигар овардааст, ки чор сарбози тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шудаанд, дар зодгоҳашон, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дафн карданд. Маросими видоъ бо онҳо рӯзи 18-уми сентябр баргузор шуд.
Аз онҳо:
- Назрулло Олимов;
- Шӯҳрат Абдулхайров;
- Салоҳиддин Муъминов;
- Шӯҳрат Ҷумъахонов ном бурда шудааст.
Дар маҳаллаи Мӯъминободи ҷамоати Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфара маросими намози ҷанозаи якбора 7 сокини Чоркӯҳ баргузор шуд. Ин 7 нафар шаҳрвандони осоиштаи Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар пайи ҳамлаҳои марзбонони қирғиз бо техникаҳои вазнини ҷангӣ ба ҳалокат расиданд. Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, танҳо аз ин ҷамоат дастикам 11 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16 сентябр кушта шуданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ акс ва номи чанде аз қурбониён нашр шудааст.
Рӯйхати расмии кушташудагони муноқишаҳои марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳоло интишор нашудааст. Хабар баъди эълони омори расмӣ такмил хоҳад ёфт.