logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

13 кушта ва 72 захмӣ танҳо дар Ворух

Дар миёни кушташудагон аз кӯдакон ва зани ҳомила ном бурда мешавад

Your tj

15:5618.09.2022

13 кушта ва 72 захмӣ танҳо дар Ворух

Танҳо дар Ворух 13 нафар аз тири низомиёни қирғиз кушта шуданд. 12 нафари онҳо ҳарбиён буда, як нафар аз сокинони осоишта аст. Ҳамчунин 72 нафар дар Ворух захмӣ шудаанд, ки дар байнашон аҳолии осоишта низ зиёд аст.

Дар ин бора аз беморхонаи ҷамоати Ворух хабар доданд.

Қаблан Радиои "Озодӣ" бо иттилоъ аз манобеи гуногун хабар дода буд, ки 39 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзӣ кушта шудаанд. Дар миёни онҳо аз низомиён ва аҳолии осоишта, аз ҷумла кӯдакон ва зани ҳомила ном бурда шудааст.

Инчунин, дар хабари дигар овардааст, ки чор сарбози тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шудаанд, дар зодгоҳашон, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дафн карданд. Маросими видоъ бо онҳо рӯзи 18-уми сентябр баргузор шуд.

Аз онҳо:

  • Назрулло Олимов;
  • Шӯҳрат Абдулхайров;
  • Салоҳиддин Муъминов;
  • Шӯҳрат Ҷумъахонов ном бурда шудааст.
Рӯзи 17 сентябри соли 2022 аз ҷанозаи дастаҷамъонаи 7 нафар қурбониёни муноқишаҳои хунини марзӣ иттилоъ дода буданд.
Дар маҳаллаи Мӯъминободи ҷамоати Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфара маросими намози ҷанозаи якбора 7 сокини Чоркӯҳ баргузор шуд. Ин 7 нафар шаҳрвандони осоиштаи Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар пайи ҳамлаҳои марзбонони қирғиз бо техникаҳои вазнини ҷангӣ ба ҳалокат расиданд. Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, танҳо аз ин ҷамоат дастикам 11 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16 сентябр кушта шуданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ акс ва номи чанде аз қурбониён нашр шудааст.

Ҷанозаи афсари сархадамоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷуъмаев Сабриддин Субҳонидинович дар деҳаи Казноки ноҳияи Рашт

Майор Ғолиб Абдунабиев

Шуҳратҷон Наҷмиддинов, афсари Академияи ВКД

Нусратуллоҳи Фатҳуллоҳ, сарбози 25-сола

Хирадманд Усмонзода, афсари 28-солаи Қӯшунҳои сарҳадӣ. Аз ӯ як кӯдаки дусола ятим монд.

Абдувоҳиди Абдуқаюм, корманди Сарраёсати молияи вилояти Суғд бар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони қирғиз ба деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шуд.

Рӯйхати расмии кушташудагони муноқишаҳои марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳоло интишор нашудааст. Хабар баъди эълони омори  расмӣ такмил хоҳад ёфт.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

1 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

5 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

8 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

8 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

9 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ