fbpx

12 рӯз бидуни коронавирус: Дар кишвар шабонарӯзи охир низ ягон сирояти ин беморӣ қайд нашуд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 22 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

12 рӯзи охир Тоҷикистон расман бидуни коронавирус боқӣ мемонад.

Бахтигул Карриева гирифтори коронавирус шуда, аз мақомаш  рафт

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон боз иваз шуд. Ба курсии Бахтигул Карриева, Виктор Олшавский такя зад.

Таъйин шудани намояндаи нави СҶБ дар Тоҷикистон дар ҳолест,  ки моҳи май Галина Перфилиева аз мақом рафт ва ба ҷойи ӯ Бахтигул Карриева омада буд.

Аз намояндагии СҶБ дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки Бахтигул бинобар сироят шудан ба маризии коронавирус аз вазифааш канор монд.

Манбаъ меафзояд, Бахтигул Карриева моҳи ноябри соли гузашта дар вилояти Суғд гирифтори коронавирус шуд. Намояндаи СҶБ табобатро нахуст дар хона гирифт, вале пас аз бад шудани вазъаш ӯро дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе хобонданд. Ахиран ӯ ба Капенгаген кӯчонда шуд.

Дар Тоҷикистон сабти ном барои дарёфти квотаи таҳсил дар Русия оғоз шуд

Намонядагии ширкати “Россотрудничество” аз оғоз шудани  давраи сабти ном барои дарёфти коватаи таҳсили ройгон дар макотиби олии Русия барои соли 2021/2022 хабар медиҳад. Номнависӣ дар пойгоҳи ин ниҳод (edu.rs.gov.ru) аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 то соати 18.00-и Душанбе  имконпазир аст.

Барои номнависӣ ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

– шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани қайд (шахсоне, ки ба 16-солагӣ нарасидаанд шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома аз ҷойи зист) бо тарҷуми русии аз сӯйи мақомти нотриалӣ тасдиқшуда;

– акс, мисле, ки барои шиноснома гирифта мешавад, аксҳои ҳаваскорона пазируфта намешаванд;

– барои довталабоне, ки таҳсилро дар мактабҳои миёна тамом мекунанду тибқи барномаҳои бакаллавр ва мутахассис мехоҳанд пазируфта шаванд – маълумотнома аз ҷойи таҳсил (рӯйхати баҳо дар нимсолаи аввал) бо тарҷуми русии аз сӯйи мақомти нотриалӣ тасдиқшуда;

– барои довталабоне, ки мактабҳои миёнаро хатм кардаанд (солҳои пеш)-у тибқи барномаҳои бакаллавр ва мутахассис мехоҳанд пазируфта шаванд – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот, аттестат бо замимааш

– барои довталабоне, бахши магистратура, ординатура, апирантура ва ғ. – нусхаи сканшуда (ҳамаи саҳифаҳо)-и дафтарчаи имтиҳонӣ ё маълумотномаи академӣ дар бораи баҳоҳо аз донишгоҳ дар барои ҳамаи солҳои таҳсил, ё  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсил (диплом бо замимааш)

Дар хабарномаи шартҳои пазируфтани ҳуҷҷатҳо гуфта мешавад, ки “шахсе, ки шаҳрванди Русия асту ҷойи истиқомати доимияш дар Русия мебошад” ҳуҷҷатҳояш пазируфта намешаванд.

Пирӯзии толибилмони Хуҷанд дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Ғолибони 4-умин олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (мамолики Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда буд, эълон гардид.

Дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам, 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуда, аз онҳо 15 нафар хонандагон мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд.

Олимпиадаи ҷаҳонии  BRICMATH-2020 аз фанни математика аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (кишварҳои Бразилия, Россия, Хиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол соли 4-ум аст, ки олимпиадаи мазкур ташкил карда шуда, бо сабаби пандемияи коронавирус озмун тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Бо фармони президент  Хуршед Каримзода рутбаи генерал-лейтенант гирифт

Рутбаи генерал-лейтенантро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Асадулло Раҳмон супорид.

“Асадулло Раҳмон Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи додани рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрукро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ба самъи ҳозирин расонд ва Хуршед Каримзодаро бо рутбаи навбатӣ муборакбод намуд”, – хабар медиҳад  маркази матбуотии хадамоти гумрук.

Ҳамчунин, бо фармони сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук бо мукофот, ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома, медали ҷашнии “25-солагии мақомоти гумрук”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нишони сарисинагии “Аълочии хадамоти гумрук” қадрдонӣ гардиданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend