fbpx

11 бозор ва марказҳои савдо дар Душанбе се рӯз баста мешаванд

Рӯйхати бозорҳо ва марказҳои савдоеро, ки фаъолияташон муваққатан қатъ мегардад, дар ин ҷо бубинед.


0

Аз 8 то 10-уми октябри соли ҷорӣ, дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе, чанде аз бозору марказҳои савдо дар пойтахт фаъолият намекунанд.

Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, ки онро муовини раиси шаҳр Абдураҳмон Абдураҳмонзода имзо кардааст, дар ин се рӯз 11 бозор ва маркази савдо баста мешаванд, менависад “Азия-Плюс”.

Бозорҳои «Корвон» ва «Корвон-плюс», «Ховарон», «Мошинасарой» (Автобаза)-и 2927, «Кӯшониён», «Фаровон», «Балх» ва марказҳои савдои «Панҷшер», «Ганҷина», «Файёз-2015», «Варзоб ТҶ» ва «Кавсар» дар ин рӯзҳо кор намекунанд.

Ҳамчунин, рӯзи 11-уми октябр бозори “Саховат” ва 13-уми октябр бозори “Меҳргон” бо мақсади тозагӣ ва корҳои санитарӣ баста хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, танҳо фаъолияти бозорҳои «Корвон», «Кӯшониён» ва марказҳои савдои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Садбарг» аз 8 то 10-уми октябр муваққатан қатъ мегардад.

Дар қарор омадааст, ки ин тасмим барои таъмини амнияти меҳмонони сатҳи баланд, пешгирии тамбашавии нақлиёт ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ гирифта шудааст. Ба роҳбарони бозорҳо супориш дода шудааст, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намоянд.

Мақомоти пойтахт то ҳол ҷузъиёти маҳдудият дар ҳаракати нақлиёт ва гаштугузори шаҳрвандонро шарҳ надодаанд. Аммо эълонҳои ғайрирасмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинонро даъват мекунанд, ки маҳсулоти зарурии рӯзмарраро пешакӣ захира намоянд.

Нишасти сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 10-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин рӯзҳо инчунин сафари давлатии Владимир Путин, перзиденти Русия ва баргузории ҷаласаи формати «Осиёи Марказӣ – Русия» дар назар аст.

Корҳои омодагӣ ба ин чорабиниҳо аз охири моҳи сентябр оғоз ёфта, дар як қатор хиёбонҳои пойтахт гулгаштҳои нав сохта шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend