Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0107.10.2025
Дар соли 2024 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар гузориши солонаи худ иттилоъ дода гуфтааст, ки нисбати 30 ҷавон ҷазо таъйин гардидааст.
Гуфта мешавад, нисбати онҳо парвандаҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ — саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ боз шудааст, ки ҷарима ба маблағи аз 37,5 то 75 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. Вале ҷузъиёти ҷазо барои ҳар нафар мушаххас нашудааст.
Ҳамчунин, соли гузашта 95 қазияи латукӯб ва озори сарбозон, ё ба истилоҳи расмӣ «вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ», сабт шудааст. Ба иттилои Омбудсмен, 13 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои иҷро накардани вазифаҳои худ муҷозот шудаанд.
Дар соли 2024, ба иттилои манбаъ, 34 афсар аз қисмҳои ҳарбӣ фирор карда, 28 кас худсарона маҳалли хизматро тарк кардааст. Омбудсмен ин амалҳоро ҷиноят ном бурда, ҷузъиёти ҷазоро нагуфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Ваколатдор навиштааст, ки шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд, афзудааст. Мавзуи ҷалби маҷбурии ҷавонон ва шароити номуносиб дар қисмҳои ҳарбӣ ҳамасола баҳсбарангез мебошад.
Мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбӣ 1-уми октябр оғоз гардида, ба иддаои Вазорати мудофиа дар рӯзи аввали маърака нақша 55% иҷро шудааст. Даъвати тирамоҳӣ то охири ноябр идома мекунад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
14 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
3 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад